ИЛМУ ДОНИШ – СИПАРЕСТ ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО ҶАҲОЛАТУ ХУРОФОТ

Мубориза бо терроризм Навид ТИК

ИЛМУ ДОНИШ – СИПАРЕСТ ДАР РОҲИ МУБОРИЗА БО ҶАҲОЛАТУ ХУРОФОТ

(БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН)
Ташаккули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсати ҳамгироёнаи кишварҳои ҷаҳон бар пояи боварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои якдигар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии мамлакатҳо асос ёфтааст. Низоми кунунии ҷаҳон бо аз як тараф нигоҳ кардан мукаммал ва бенуқсон менамояд. Ба таври умум гуфтан мумкин аст, ки бо риояи ҳамаи талаботҳои қонун ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби аҳолӣ низоми ҷомеа ҳеҷ вақт халалдор намегардад ва давлатҳо бо суръати босубот ба сӯйи тараққиёт ҳаракат мекунанд.
Мутаассифона имрӯзҳо дар баробари ташаккули низоми муносибатҳои байналмилалӣ, эҳё ва ногусастанӣ шудани робитаҳои тиҷоративу фарҳангии мамлакатҳои ҷаҳон, ҳамчунин миёни аҳолӣ зуҳуроти номатлубе низ пайдо шуда, паҳн гашта истодаанд, ки оромии давлату ҷомеаи ҷаҳонро халалдор месозанд. Дар замони муосир яке аз омилҳои асосие, ки ба суботу оромии умумиро халалдор месозад, ин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад.
Вожаи хурофот сарчашмаи худро аз калимаи арабии хурофа гирифта, ақида ва фикрҳои пучу беасосро шарҳ медиҳад. Яъне хурофот ақида ва ё мафҳумҳое аст, ки заминаи онро иттилооти бардурӯғ, бар пояи нафрату адоват асосёфта ва барқасд бофташуда, ки ҳаргиз ба воқеият наздикие надоранд, ташкил медиҳад. Мутаассифона хурофот имрӯз ба дараҷае дар ҷомеа реша паҳн кардааст ва парда ба рӯйи баъзе ҳақиқатҳо кашидааст, ки барои инсонҳо фарқгузорӣ миёни ҳақиқату дурӯғ мушкилӣ ба вуҷуд овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти самимиву пур аз эҳсоси худ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли равон дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ҳамин нуқта низ таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштанд:

“Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”.

Дар чунин ҳолат хурофотро ба кирме шабоҳат додан мумкин аст, ки дарахти бузургу пурқудрат ва серҳосилро аз дарун хӯрдаву ба нобудӣ мерасонад. Хурофотпарастӣ аз ҷоҳилӣ ва нодонӣ сарчашма гирифта, ниҳояти онро ифротгароӣ ташкил медиҳад. Дар ҷомеаи муосир хурофотпарастӣ бештар бар пояи ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва урфу одатҳои гуногуни миллӣ доман паҳн намуда, боис ба баҳсҳои беасос ва бенатиҷа гаштааст. Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир хурофоти беасос ва ҷаҳолат ба талафотҳои бузург сабаб гаштааст, ки ҷуброннопазир мебошад.
Дар ин баробар ҳаминро қайд намудан мумкин аст, ки баъзе ақидаҳои ифротӣ ва хурофотие, ки айни ҳол дар миёни омма доман густурдааст, ба ягон талаботи дини мубини ислом ва арзишҳои маънавии миллӣ ҷавобгӯ нест. Аз ин ҷост, ки миллати бофарҳанги тоҷикро месазад, бо илҳом аз гузаштагони пуршарафи худ пеши роҳи ҳама гуна ҷаҳолату хурофотро бигиранд.
Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти болозикр қайд намуданд: “Мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.”
Дар баробари ин пешниҳод ҳамчунин роҳи халосӣ аз дасисаву иғво ва ҷаҳолату хурофотро низ дар суханронии худ Сарвари давлат баён доштанд. Қайл карда шуд, ки дар замоне, ки илму техника ва донишҳои муосир бо суръати кайҳонӣ тараққӣ намуда истодааст, баҳс бар болои баъзе ақоиди шахшудаву куҳна камоли бехирадӣ буда, миллатро ба бадбахтӣ мерасонад. Таҷрибаи кишварҳои мусалмоннишини Ховари миёна ва Шарқ нишон медиҳад, ки танҳо рӯй овардан ба илм, омӯзиши ва рушди илмҳои табииву риёзӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир метавонад, Тоҷикистони азизро ба тараққиёти бесобиқа расонад.
ТАНҲО ИЛМУ ТЕХНИКА ВА РӮ ОВАРДАНИ ҚИШРИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТ БА ОМӮЗИШИ ОН ОМИЛИ НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ВА КУЛЛИ ИНСОНИЯТ МЕГАРДАД
Таъмини ташаккул ва рушду инкишофи илму техника агар аз як тараф воситаи таъмини зиндагии босаодати сокинони кишвар бошад, аз тарафи дигар ба кам гаштани вақти холии ҷавонон ва пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷониби онҳо ҳисса мегузорад. Таҳлилҳои вазъи кунунии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа нишон медиҳад, ки зиёда аз 80 дарсади ҷавононе, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд, дорои маълумоти кифоя нестанд. Пас бо итминон метавон гуфт, ки илмомӯзӣ метавонад, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур бошад.
Бо ҳамаи ин гуфтаҳо хулоса карда истода қайд намудан мумкин аст, ки ояндаи Тоҷикистон пеш аз ҳама ба сатҳи маърифатнокии мардум, саводнокии ҷомеа, пешрафти илмиву техникӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар, ташаккули варзиш ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат вобастагии зич дорад. Иҷрои рисолати мазкур аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро вазифадор месозад, ки барои ташаккули омӯзиши илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир шароити мусоид фароҳам оварда, сатҳи маърифатнокиву саводнокии худро боло бардоранд.
Эраҷ ИБРОҲИМЗОДА, сиёсатшинос