Маълумотнома оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ

Маълумотнома оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи алоқаи почта”, Низомнома “Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 майи соли 2011, №252 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд.

Мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 1 миллиарду 900 миллиону 982 ҳазору 423 сомонӣ расонида, нисбат ба нимсолаи аввали соли 2022, (1 миллиарду 660 миллиону 508 ҳазору 723 сомонӣ),114,5 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии алоқаи барқӣ ба аҳолӣ (пешакӣ) 1 миллиарду 590 миллиону 750 ҳазору 975 сомониро ташкил намуд, ки нисбати нимсолаи аввали соли 2022 (1 миллиарду 292 миллиону 648 ҳазору 807 сомонӣ)  123,06 фоиз зиёд шудааст.

Миқдори муштариёни имтиёздор дар шабакаи телефонии ҶСК “Тоҷиктелеком”, иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ ва ба онҳо баробаршуда, маъюбони гуруҳи 1 ва 2 – 7476 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқаи барқӣ дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 215,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз тарафи буҷети давлат  215,0  ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.

То ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ  дар  соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 73 ададро ташкил намуда бо 208 адад намуди иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд.

Барои додани иҷозатномаҳои нав ва дароз намудани мӯҳлати амалӣ  иҷозатномаҳо, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ба буҷети давлатӣ 15640 сомонӣ ворид гардид.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ даромади иҷозатномадорон дар соҳаи алоқаи барқӣ дар  нимсолаи аввали соли 2023, маблағи  1 миллиард 155 миллиону 884 ҳазору 419 сомониро ташкил намуда, хироҷи зикршуда ба маблағи 28 миллиону 897 ҳазору 110 сомониро ташкил менамояд.

Дар ин давраи ҳисоботи пешакӣ ба маблағи  10,0 миллион сомонӣ аз ҳисоби рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

То ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои бақайдгирифташудаи (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ) истифодабарандагони алоқаи мобилӣ – 8 миллиону 302 ҳазору 529 рақамро ташкил медиҳанд, аз ин ҷумла – 5 миллиону 643 ҳазору 454 рақам муштариёни фаъол, истифода мешаванд.

Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодаба-рандагони  интернети мобилӣ ва собит 4,5 млн. нафарро дар бар гирифтааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ  аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 77540,7 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда (76125,4 ҳазор сомонӣ), ба 101,8 %  рост мебошад.

Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» пешаки дар нимсолаи аввали соли 2023 даромади  умумии соҳа ба андозаи  4 миллион 512 ҳазор 318 сомонӣ  хизмат расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-ум ба 170640 сомонӣ зиёд шуд.

КВД “Почтаи Тоҷик” бо 12 давлатҳои дуру наздик шартномаи ҳамкорӣ оиди  интиқоли маблағҳои ирсолпулиҳо ба имзо расонидааст.

Қабули ирсолпулиҳои дохили ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи аввали соли 2023-ум 18954 адад буда, маблағи он 1460 ҳазору 682 сомониро ташкил медиҳад, ки  даромади он 102714 сомонӣ мебошад.

Мутобиқи ҳисобгириҳо дар ҷумҳурӣ 212 истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ (ВРЭ) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли  2022 100%  баробар мебошад. Аз миқдори умумии истифодабарандагони  ВРЭ 162 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 34 адад ба вилояти Суғд, 11 адад ба вилояти Хатлон ва 5 адад ба ВМКБ рост меояд.

Миқдори  умумии  ВРЭ  28364 ададро  ташкил  медиҳад,  ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 103 % ё  ин,  ки 736 адад зиёд мебошад. Аз  шумораи умумии ВРЭ-и мавҷуда ба шаҳри  Душанбе  дар  якҷоягӣ бо НТҶ 11074 адад, вилояти Суғд 8132 адад, вилояти Хатлон 7395 адад ва ВМКБ 1763 адад рост меояд.