Гузаронидани мониторинг дар системаҳои коммутаторӣ ва идоракунии шабакавӣ ва тартиб додани протоколҳои маъмурӣ нисбат ба операторони алоқаи мобилӣ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини хизматрасониҳои алоқаи барқӣ бо сатҳу сифати баланд, хусусан хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, мутахассисони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ мониторинги ҳолати коршоямии таҷҳизот ва системаҳои шабакавии операторони алоқаи мобилиро дар минтақаҳои гуногуни кишвар гузаронид.
Дар натиҷаи мониторинг ва санҷиш муайян карда шуд, ки дар фаъолияти операторони алоқаи мобилии кишвар – ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ҶСП “ТТ Мобайл”, ҶСП “Вавилон Мобайл” ва ҶДММ “Таком” камбудиҳои техникии ҷиддӣ ҷой доранд, ки ин яке аз омилҳои асосии поён рафтани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ шуда истодааст.
Гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки дар системаи алоқаи мобилӣ на ҳамаи истгоҳҳои базавӣ ва таҷҳизотҳои нақлиётии шабакавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Дар робита бо ҳар ҳолати камбудӣ, корношоямии таҷҳизот ва дигар элементҳои шабакавии алоқаи мобилӣ ва иҷро нагардидани шарту талаботи шартномаҳои иҷозатномавӣ аз ҷониби оператор, дар доираи салоҳиятҳои худ, тавассути раёсатҳои марбутаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳо ва протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, нисбати оператори алоқаи мобилӣ дар доираи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ дида шуда, ҷаримаҳои маъмурӣ таъин карда шуданд.
Махсусан қайд менамоем, ки бо назардошти он ки натиҷаи мониторинг ва санҷиш дар фаъолияти операторони алоқаи мобилии кишвар камбудиҳои техникиро ошкор намуд, дар доираи қонунгузории ҷории кишвар нисбат ба ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ҶСП “ТТ Мобайл”, ҶСП “Вавилон Мобайл” ва ҶДММ “Таком” протоколҳо тартиб дода шуда, ҷаримаҳои маъмурӣ муайян карда шуданд.
Оид ба бартараф намудни камбудиҳои ҷиддии техникӣ ба роҳбарият ва масъулини операторони алоқаи мобилии кишвар 7 рӯз муҳлат дода шуд, ки дар ин муддат бояд тамоми системаҳо ва таҷҳизоти мавҷудбудаи шабакаҳои алоқаи мобилӣ бенуқсон ва мутобиқ бо шарту талаботҳои шартномаҳои иҷозатномавӣ фаъолият намоянд.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мониторинг ва санҷиши ҳолати коршоямии таҷҳизот ва системаҳои шабакавии операторони алоқаи мобилиро анҷом медиҳад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи алоқа, ки ба таъмини некуаҳволии ҷомеа равона шудаанд, барои ба меъёру талаботи соҳавӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, махсусан алоқаи мобилӣ, Хадамоти алоқа ба сифати танзимгари соҳа, аз тамоми роҳҳо ва абзорҳои қонунӣ истифода намуда, операторони мобилиро водор мекунад, то хизматрасонии онҳо ба талабот ҷавобгӯ бошанд.
Раванди баргузории мониторинги фаъолияти техникии шабакаҳои операторони алоқаи мобилӣ хусусияти доимӣ дошта, дар сурати муайян шудани камбудиҳо ва дар ҳолати корношоямӣ ва ғайрифаъол қарор қарор доштани истгоҳҳои базавӣ ва дигар систамаю таҷҳизотҳои шабакавӣ ва риоят накардани шарту талаботҳои шартномаи иҷозатномавӣ, нисбати субъекти дахлдор, дар доираи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои шадидтар андешида хоҳанд шуд.