Мулоқоти муовини Сардори Хадамоти алоқа бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон

Навид Хабарҳои расмӣ

Мулоқоти муовини Сардори Хадамоти алоқа бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон

Дар ҳошияи Форуми рақамӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дорад, муовини Сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев  бо  Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Ҷумхурии Исломии Эрон Исо Зарепур мулоқот ва гуфтушунид анҷом дод.

Ин мулоқот санаи 2-юми феврал дар шаҳри Алма-ато сурат гирифта, зимни он ҷонибҳои доир ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ гуфтугӯ ва табодули афкор намуданд. Яке аз бахшҳои асосии мулоқот тақвияти робитаҳо дар доираи муқаррароти «Ёддошти тафоҳуми ҳамкории почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон»  буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 «Ёддошти тафоҳуми ҳамкории почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон» ба имзо расид.

Ба имзо расидани ёддошти мазкур дар соҳаи почта заминаи ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Эрон дар ин бахши соҳаи алоқа тақвият бахшида, ба рушди ҳамгироии боэътимод мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки муовини Сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи раҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва панелҳои он дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.