ДМТ аввалин бор олимпиадаи интернетии кимиёро роҳандозӣ кард
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин бор олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни кимиё баргузор шуд,- хабар медиҳад донишгоҳ.
Дар рафти олимпиада ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода қайд кард: «Рӯоварӣ ба илм, бахусус ба улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ, худ як қадами боэътимоди рушди устувори иқтисодии ҳар як давлат ва таъмини рақобатпазирии он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Зеро дар марҳалаи нави тараққиёт нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли ҳар як мушкили иҷтимоию иқтисодӣ ва бунёдӣ хеле калон аст».
Зимнан зикр гардид, ки Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамоми дастоварду муваффақиятҳои факултети кимиёи донишгоҳро ба инобат гирифта, бо мақсади ташаккули тафаккури кимиёвӣ, тарғибу ривоҷи ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаю технология, вусъат додани навоварӣ, пайвастани илм бо амалия, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши кимиё, инчунин ҷустуҷӯ ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин соҳа аввалин маротиба олимпиадаи интернетии онлайнии кимиёро роҳандозӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз кори Олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни кимиё идома меёбад.