Дар Тоҷикистон Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» бунёд мешавад

Ахбороти технологияҳо Навид

Дар Тоҷикистон Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» бунёд мешавад

Ширкати чинии «Huawei» бо дастгирии молиявии ширкати «Zhongguancun Smart City co., Ltd» тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон «Data Center» бунёд намояд. Ин дар ҳолест, ки байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази «Zhongguancun Smart City co., Ltd» ва Ширкати «Huawei Technologies Tajikistan» оид ба бунёди Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Санади мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин ва Саммити сарони давлатҳои «Чин –Осиёи Марказӣ» ба имзо расидааст.

Дар ин хусус Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Дар натиҷаи музокираҳо яке аз таъминкунандагони пешбари ҷаҳон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ- ширкати «Huawei Technologies Tajikistan» бо дастгирии молиявии ширкати чинии «Zhongguancun Smart City co., Ltd» омодагии худро барои таҳвили таҷҳизот ҷиҳати иҷрои корҳои муҳандисӣ, инчунин гузаронидани ҳама намуди машварат барои бунёди Маркази миллии коркарди маълумот -«Data Center» баён намуд. Истифодаи технологияҳои нав, ки асоси онро -«Data Center»-ҳо ташкил медиҳанд, ба самаранокии шаффофият ва амнияти иттилоотӣ нигаронида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Huawei» бо 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монда, аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саноатикунонии босуръати мамлакат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо шарикони рушд ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ҳамкорӣ ва робитаҳои зич ба роҳ монда, бо мақсади ҷалби онҳо ба самти татбиқи лоиҳаҳои гуногуни соҳаи саноат тадбирҳои муассир меандешад. Бунёди Маркази миллии коркарди маълумот –«Data Center» бо дастгирии молиявии ширкати чинии «Zhongguancun Smart City co., Ltd» шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад.

Бознар аз АМИТ “Ховар”