Дар Душанбе бо мақсади ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо оилаю аҳли ҷомеа ин барномаи электронӣ фаъол гардидааст
Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе бо фарогирии 203 ҳазору 444 хонанда барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тариқи он барои хонандагон қариб 17 миллион баҳогузорӣ ва барои волидайн қариб 162 ҳазор саҳифа (аккаунт) кушода шудааст, иттилоъ додааст Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, барномаи мазкур бо ташаббуси созанда ва навоваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оилаю аҳли ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон таҳияву амалӣ гардидааст.
Барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.
Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ ба 3967 расида, шумораи умумии хонандагон дар онҳо ба 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафар расидааст. Аз ин теъдод 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар пойтахт фаъолият дошта, дар онҳо 274 ҳазору 920 хонанда таҳсил менамояд.
Ба иттилои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳлили фаъолияти барнома самаранокии татбиқи онро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва назорати пурзӯри раванди таълиму тарбияи насли наврас нишон медиҳад.
Чунончи, барномаи мобилии «eDonish»-ро дар телефонҳои «android» ва «ios» зиёда аз 22 000 нафар боргирӣ намудаанд. Ҳамзамон барои 161 855 волидайн саҳифа (аккаунт) кушода шуда, аз сентябри соли 2022 12 ҳазор волидайн аз барнома фаъолона истифода мебаранд. Шумораи паёмакҳои фиристода ба телефони ҳамроҳи волидон дар марҳилаи дуюм ба 80 000 адад баробар гашт. Дар чоряки дуюм нисбат ба чоряки якум 2 миллиону 322 ҳазору 521 баҳо ё худ 52,7% бештар баҳо гузошта шуд. Баъд аз гузаронидани таҳлили дуюм ва мушаххас намудани камбудиҳои ҳамаи муассисаҳо фаъолнокии истифодаи барнома 2,4 маротиба афзуд.
Яке аз сокинони шаҳри Душанбе Маҳорати Раҳматулло иброз дошт, ки ӯ 4 фарзанд дорад ва барои назорати онҳо фурсати камтар дорад, зеро бештари вақти ӯ дар коргоҳ мегузарад.
«Мисоли одӣ он аст, ки агар фарзанди ман каме дертар ба мактаб ҳозир шавад, дар телефони ман зуд паёмак меояд. Дигар ин ки барнома имкон медиҳад, ки фарзандони мо дар руҳияи хислатҳои неки инсонӣ тарбия ёбанд. Яъне онҳо дурӯғ гуфта наметавонанд ва масъулиятшинос мешаванд. Тавассути ин барнома ман ҳамеша огоҳ мегардам, ки фарзанди ман дар кадом дарс фаъол буд», -гуфт ӯ.
Бояд тазаккур дод, ки ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврасу ҷавон ҳамеша дар мадди назари Давлату Ҳукумат қарор дошта, маҳз ба хотири баланд бардоштани маърифати ин қишри ҷомеа ҳанӯз 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.
Дар доираи он аз ҷониби масъулин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии мамлакат пайваста бо толибилмону донишҷӯён суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад, ки ин аз амалишавии қонуни мазкур гувоҳӣ медиҳад.
Ҳадафи қонуни мазкур- баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида ва ба роҳи дуруст равона намудани фарзандон мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе