Баррасии мушкилоти дастрасӣ ба интернет ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар  Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои расмӣ

Баррасии мушкилоти дастрасӣ ба интернет ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Хадамоти алоқа

Рӯзи 30 октябр дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ниҳодҳои қудратӣ  бо иштироки Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа, баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа натиҷаҳои вохӯрии Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, ки  рӯзи 23 октябр баргузор гардида буд, баррасӣ шуд.

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ  супориш дод, ки норасоиву камбудиҳое, ки ҷиҳати таъмин намудани тамоми минатқаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет ошкор гардидаанд, барои бартараф намудани онҳо корҳои амалӣ тезонида шуда, ба таври таъхирнопазир идома ёбанд.

Ҳамчунин намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва ШСХК “Барқи Тоҷик” назару андешаҳои худро доир ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ бо мақсади беҳтар ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тезонидани ин раванд дар сатҳи маҳалҳо,  таъмини доимии истоҳҳои мавҷрасон дар ҳама фаслҳои сол бо барқ ва дигар масъалаҳо иброз доштанд. Мувофиқа шуд, ки василаҳои анҷом додани амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард шавад. Ҳамзамон мувофиқа гардид, ки бо мақсади муштаракан баррасӣ ва бартараф намудани масъалаҳои марбута вохӯриҳо миёни намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва бонҳо ва ташкилотҳои молиявӣ  то расидан ба натиҷаи дилхоҳ  идома ёбад. Гуфта шуд, ки ин гуна вохӯриҳои намояндагони ширкатҳои мобилӣ бо дигар ниҳодҳои марбута баргузор шавад.

Дар идомаи ҷаласа Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони ниҳодҳои масъул даъват намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли ҷорӣ назорат намоянд.