Баррасии дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Хадамоти алоқа

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Баррасии дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Хадамоти алоқа

Рӯзи 10 ноябр дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ҷаласаи масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо ва “Барқи тоҷик” бо мақсади дар амал татбиқ намудани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон,  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи навбатӣ рафти корҳои амалӣ дар самти таҳким бахшидани дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, бартараф намудани монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва шароит фароҳам овардан ба хотири анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки дар вохуриҳои гузашта муқаррар гардида буд, баррасӣ шуда, бо мақсади муштаракан бартараф намудани мушкилоти ҷорӣ табодули акфор намуданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳамкориҳои натиҷабахш байни сохторҳои марбута бо ширкатҳои мобилӣ ва масъулини соҳаи алоқа ба миён омада, ҷараёни рафъи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта суръати бештар гирифтааст. Махсусан дар самти насби таҷҳизоти нави мавҷрасон дар минтақаҳое, ки мавҷи алоқа ва дастрасӣ ба интернет дар онҳо заиф аст, ба таври таъхирнопазир идома дорад.

Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо натиҷагирӣ аз корҳои анҷомшуда гуфт, ки ҳарчанд дастовардҳо дар боло бурдани кайфияти  мавҷи алоқаи мобилӣ ва дастрасӣ ба интернет, арзонтар намудани арзиши хизматрасониҳо дар ин самт, рафъи монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дида мешавад, вале кофӣ набуда, боз ҳам бештар намудани тадбирҳои амалӣ дар авлавияти фаъолияти масъулин қарор дорад. Тавре Сардори Хадамоти алоқа зикр намуд, талаботи ҷомеа ба соҳаи алоқа тадриҷан афзуда, рушди тамоми соҳаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасии қуллай ба интернет вобаста гардидааст. Аз ин хотир, масъулини соҳаи алоқаро мебояд, ҳамеша дар пайи такмили механизми алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми манотиқи кишвар бошанд.

Дар фарҷоми ҷаласа ҳозирин ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани дастрасии комил ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар саҳти ҷумҳурӣ дастгирии ҳамдигарро суръат мебахшанд. Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа иброз намуд, Хадамот алоқа ҳамчун танзимгари соҳа барои камтар намудани харҷи операторони мобилӣ дар мондернизатсияи соҳаи алоқа мусоидат мекунад.

Ҳамчунин Бег Сабур ба намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик”, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби худ ҷиҳати амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023   мусоидати бештар намоянд. Гуфта шуд, ки махсусан дар самтҳои боло бурдани сатҳи саводи техникии корбарони постерминалҳо дар маҳалҳо, пайваст намудани постерминалҳо ба системаҳои билингии марбута, кам намудани хароҷоти пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи сим-кортҳои онҳо мусоидати  ШСХК «Барқи Тоҷик”, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ва амри зарурӣ мебошад.