Tcell шарики рақамии Форуми байналмилалии ҷавонон “Роҳҳои ноил шудан ба рушди касбӣ” гардид

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Tcell шарики рақамии Форуми байналмилалии ҷавонон “Роҳҳои ноил шудан ба рушди касбӣ” гардид

Ин ҷашнвора бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иштирокчиёнро Фестивали ҷолиби касбу кор интизор буд, ки дар он ҷо метавонистанд бо роҳбарону масъулини корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мулоқот кунанд.
Ин муассисаҳо ҷойҳои кории ҷолиб, бастаҳои иҷтимоӣ ва шароитиёи хуби кориро пешниҳод карданд.
Tcell, дар навбати худ, аз шумори ширкатҳои пешқадаму инноватсионии кишвар буда, ҳамеша лоиҳаҳои иҷтимоиро дастгирӣ мекунад ва аз ин рӯ, имрӯз сарпарасти кулли алоқа дар форум мебошад. Илова бар ин, ширкати Tcell ба иштирокчиёни ҷашнвора имкон фароҳам овард, ки бо кормандони ширкат шинос шаванд ва ба онҳо ҳама гуна саволҳои марбут ба кор дар Tcell ва имкониятҳои касбу корро диҳанд.