Интернети 4G дар Суғд 30% густариш ёфт

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Интернети 4G дар Суғд 30% густариш ёфт

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ зиёда аз 40 пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G-ро соли равон дар Суғд ба кор даровард. Боз наздики 30 пойгоҳҳои қаблан насбгардида мавриди муосиркунонӣ қарор дода шуда, акнун ҳамчунин бо суръатҳои 4G амал мекунанд. Натиҷаи умумии корҳои техникӣ дар соли 2023: фарогирии интернети насли чорум дар минтақа ба андозаи 30% васеъ гардид.

Соли ҷорӣ аввалин шуда ба алоқаи 4G деҳоти Навандарсой ва Лангари ноҳияи Спитамен, Заркӯҳ ва Хонободи ноҳияи Исфара пайваст карда шуданд. То сатҳи назаррас шабакаи насли чорум дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакен ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров васеъ карда шуд.

Дар баробари модернизатсия ва насби пойгоҳҳои нави базавӣ мутахассисони техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” навкунии шабакаи таҳвилӣ ва шабакаҳои таҳвили маълумотро байни нуқтаҳои аҳолиниши вилояти Суғд ба нақша гирифтаанд. Ин чораҳо низ ба суръат ва дастрасии интернети мобилӣ таъсири мусбат хоҳад расонид.

Бинобар гузариши аҳолии кишвар ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла ҳангоми пардохти маблағи хизматрасониҳои давлатӣ инкишофи шабакаи 4G айни замон чораи махсусан муҳим ба ҳисоб меравад. Бо омадани интернети 4G онлайн-пардохтҳо дар навоҳии дурдаст боз ҳам дастрас мешаванд.

“Мақсади корҳои бомиқёси техникӣ – таъмини дастрасии ҳамаи сокинони Суғд ба хизматрасониҳои қулайи рақамӣ маҳсуб меёбад. Интернети сифатноку босуръат имкон медиҳад, ки маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ ва давлатӣ аз хона пардохт карда шуда, манбаъҳои омӯзишӣ ба кор бурда шаванд, тариқи паёмрасонҳо муошират бо наздикон, аз ҷумла тариқи алоқаи видеоӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамагӣ дар як сол мо шабакаи 4G-ро ба андозаи сеяк васеъ намуда, то дараҷаи назаррас ба ҳадафи стратегии худ наздик шудем”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.