“Анор”: соддагӣ нишонаи сифат
Ба тарофаҳои оператори мобилии “Анор” танҳо хизматрасониҳои аз ҳама зарурии алоқа дохил карда шудаанд. Дар он воқеан ягон шарту тавсифҳои пинҳонӣ бо “ситорачаҳо” дида намешаванд. Лекин баъзе афзалиятҳои технологие мавҷуданд, ки муштариён доир ба онҳо аксаран фикр ҳам намекунанд, зеро онҳо ба нархи тарофаҳо таъсире намерасонанд. Лекин донистани ин ҷиҳатҳои мусбат муфид хоҳад буд.
Сараввал ба хотир меорем, ки ба тарофаҳо чӣ дохил мешавад. Онҳо аз зангҳо, интернети мобилӣ ва SMS иборатанд. Ба назар маҷмӯи хеле содда менамояд. Лекин, масалан, даъватҳои оддии овозӣ чиро дар бар мегиранд. Ба Муштариёни “Анор” VoLTE дастрас мебошад, ки онро технологияи садои комилан тоза низ меноманд. Овози ҳамсӯҳбат возеҳу равшан, бе ягон нуқсон шунида мешавад. Барои истифода аз ин афзалият зарур аст, ки дар танзимоти телефон тугмаи “VoLTE” фаъол карда шавад – муҳим он аст, ки технологияи мазкур дар намуди телефони Шумо дастрас бошад. Инчунин метавонед ба мушовирони “Анор” муроҷиат карда, хоҳиш намоед, ки хизматрасонии мазкурро фаъол намоянд. Ногуфта намонад: VoLTE имкон медиҳад, ки даъвати овозию интернет ҳамзамон ба кор бурда шаванд.
Ҳангоми анҷоми зангҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа ё, баръакс, аз хориҷа ба хона чӣ мешавад? Ба Муштариёни “Анор” алоқа дар зиёда аз 200 кишварҳои олам дастрас аст. Зарур нест, ки рақам иваз карда шуда, ҳангоми сафар SIM-кортҳои маҳаллӣ харида шаванд. Зангро наздикон аз дилхоҳ гӯшаи олам хоҳанд шунид.
Интернети мобилии “Анор” низ ғайриоддист. Дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар баландии кӯҳҳо муштарии оператор имкон дорад, и алоқаи 4G-ро истифода барад. Суръати интернет барои тамошои видео, гӯш кардани мусиқӣ, ирсоли аксҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кифоя хоҳад буд. Агар маълумот лозим бошад, метавон ба онлайн-мушовирони “Анор” дар саҳифаҳои оператор дар Instagram ё Facebook саволи худро дод.
Муштарии “Анор” метавонад дар телефони худ ҳамзамон якчанд рақамҳоро истифода намояд – ин озодиро ба ӯ хизматрасонии инноватсионии eSIM таъмин менамояд. Дар омади гап, акнун SIM-кортҳои электронӣ дастрастар шуданд, арзиши пайвасткунии онҳо аз 30 то 10 сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҳама муҳим – системаи биллингии оператор дар реҷаи вақти воқеӣ кор мекунад. Ин имкон медиҳад, ки зангҳо ва трафики интернет бо дақиқияти пурра нархгузорӣ карда шаванд.
Инак, “Анор” хизматрасониҳои асосиро бо чунин афзалиятҳои муҳим, ба монанди садои комилан тозаи VoLTE, интернети баландсуръат дар шабакаи 4G ва имкони истифодабарии якчанд рақамҳо бо корти электронии eSIM пешниҳод менамояд. “Ҷузъҳо”-и тарофаҳо каманд ва ҳамаи онҳо дорои сифати баланд мебошанд.