Дастурамали мансабии Муовини сардори раёсати алоқа ва иттилоотонӣ

Навид Хабарҳои Хадамот

Дастурамали

мансабии ишғолкунандаи мансаби Муовини сардори раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 1. Муқаррароти умумӣ

1. Номи мансаб – Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мансабҳои  категорияи   дуюм мансуб мебошад.

 3. Ба мансаби Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-муовини сардори раёсат), агар довталаб ба талаботҳои тахассусии зерин ҷавобгӯ бошад, аз тарафи Сардори Хадамоти алоқа мувофиқи қарори комиссияи озмун таъйин карда мешавад:

4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба Сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ тобеъу ҳисобдиҳанда мебошад.

5. Дар мавриди муваққатан ҳозир набудани Сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ӯҳдадориҳои мансабии вай ба зиммаи ишғолкунандаи мансаби Муовини сардори Раёсат вогузор карда мешавад.

6. Муовини сардори Раёсат бо роҳбарияти Раёсати танзим, Раёсати назорат, мудирони бахш ва дигар сардорони сохтори Хадамоти алоқа ҳамкорӣ менамояд. Инчунин мувофиқи супориши Роҳбарият ҳамкориро бо Корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқаро  ба роҳ мемонад.

               2. Талаботи тахассусӣ.

Барои мансаби Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

      -донистани таърих, фарҳанг,муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хоричӣ;

   – донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    -донистани Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотониро ба танзим медароранд;

    – кор карда тавонистан бо компютер.

         3. Ӯҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсат.

1. Ишғолкунандаи мансаби Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ӯҳдадориҳои мансабии зерин дорад (ҳангоми бевосита иштирок намудан ва ё пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба ӯ):

– назорати таҳияи саривақтии мактубҳо ва ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои  идора ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– барои ҳифзи манфиати Хадамоти алоқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он (мувофиқи ваколатномаи махсус) дар кори мақомотҳои давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо иштирок намояд;

–  шартномаҳои ба фаъолияти Хадамоти алоқа алоқамандро аз ҷиҳати танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ  дида мебарояд ва ҳангоми зарурият ба Роҳбари Хадамоти алоқа хулосаҳои  дахлдор пешниҳод намояд;

– дар якҷоягӣ бо раёсатҳо ва шӯъбаҳои дахлдори Хадамоти алоқа барои таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти Хадамоти алоқа дахл доранд пешниҳодҳоро ба Роҳбари Хадамоти алоқа манзур намояд;

– лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки ба роҳбарияти Хадамоти алоқа барои имзо пешниҳод мешаванд аз ҷиҳати масъалаҳои рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа баррасӣ намуда, ҳангоми зарурият ба онҳо тағйироту иловаҳо пешниҳод намояд;

– шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ, транзитӣ, байналмиллалиро, ки байни операторон ва провайдерон ба имзо расонида мешаванд, аз ҷиҳати техники ва  танзим дар соҳаи алоқа  санҷида баромада ба роҳбарияти Хадамоти алоқа таклифҳо пешниҳод намояд;

– ба раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти алоқа ҳангоми муроҷиати онҳо аз ҷиҳати танзим дар соҳаи алоқа   шифоҳӣ ва ё хаттӣ ёрии амалӣ расонад;

– дар санҷиш ва бозрасии фаъолияти субъекҳои хоҷагидор ва соҳибкоронӣ инфиродӣ, аз ҷумла истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад мувофиқи фармони дахлдор иштирок намояд;

– дар комиссияҳо, конференсияҳо ва семинарҳо, аз ҷумла конференсияҳои байналмиллалии марбути фаъолияти мансабии худ ҳангоми зарурият иштирок намояд;

– иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбари бевоситаи худ;

– таҳлили мактубҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳи, ки аз ҷониби кормандони Раёсат таҳия мешаванд ва мувофиқаи онҳо (ҳангоми зарурияти пешниҳоди хулоса);

– назорат барои саривақт супоридани хисоботҳо аз ҷониби кормандони Раёсат;

– ҷамъбаст ва таҳияи саривақтии хисоботҳои Раёсат;

– ба роҳ мондани назорати кори кормандони Раёсат;

– роҳбарии фаврии Раёсат ва ғайра.

4. Ҳуқуқҳои  мансабии муовини сардори Раёсат.

1. Ишғолкунандаи мансаби Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқа ҳуқуқҳои мансабии зерин дорад;

– дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намояд;

– иттилоот ва маводи барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ зарур бударо бо тартиби муқарраргардида талаб намояд;

– доираи ӯҳдадориҳои мансабиашро бо роҳбари худ муайян намояд;

– ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;

– ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;

– бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ӯ дахл дорад, бемамоният шинос шавад;

– дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ, баланд равад;

– бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;

– ба роҳбар баҳри харидорӣ ва дастрас намудани санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои танзим дар соҳаи алоқа  дахлдор таклифҳо пешниҳод намояд;

– иттилоот ва маводи, барои иҷрои вақолат ва ӯҳдадориҳои мансабиаш, заруриро бо тартиби муқарраргардида аз раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Хадамот ва корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқаро талаб намояд;

– ба Роҳбарияти Хадамоти алоқа барои беҳтар намудани кору фаъолияти Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ва Хадамоти алоқа таклифҳо пешниҳод намояд;

– барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ кормандони Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ва дигар сохторҳои Хадамотро мувофиқи розигии Роҳбари Хадамоти алоқа ҷалб намояд;

– дар чорабиниҳои Хадамоти алоқа ва дигар ташкилоту идораҳо, ки ба фаъолияти хизмати давлатии худ алоқаманд мебошанд, ҳангоми зарурият иштирок намояд;

– аз кормандони Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ ҳисоботи муқарраргашта, маълумот ва дигар ахбортҳои зарурӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиро талаб намояд;

– ба роҳбарияти Хадамоти алоқа барои мукофотонидан ва ба муҷозоти интизомӣ кашидани кормандони Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ пешниҳодҳо манзур намояд;

– барои таъмин намудан бо компютер, дастгоҳу таҷҳизотҳо, қаламу қоғаз ва дигар ашёҳо (агар барои амали намудани ӯҳдадориҳои мансабӣ зарур бошанд) дархост пешниҳод намояд;

– ҳуҷҷатҳои воридшударо барои баррасӣ ба кормандони Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ равона намояд;

– барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлатӣ аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ ба Роҳбари Хадамоти алоқа барои ҷалби мутахассисони техникӣ ва иқтисодӣ ҷиҳати иҷрои корҳои техникӣ ва иқтисодӣ таклифҳо манзур намояд.

2. Ишғолкунандаи мансаби Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», Низомномаи Хадамоти алоқа, ҳамин Дастурамал ва санадҳои меъёри хуқуқиии дахлдорро ҳамчун дастур ба роҳбарӣ мегирад.

5. Масъулияти мансабии муовини сардори Раёсат.

1.  Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ аз рӯи масъулиятҳои мансабии зерин ҷавобгар аст;

–  барои дар мӯҳлати муқарраршуда (мӯҳлати кофӣ) иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ;

– барои риоя накардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

– барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва сирри дигаре, ки бо қонунгузорӣ ҳифз карда мешаванд;

– барои дурустии ҳуҷҷатҳои таҳия намудаи худ.

 2. Ишғолкунандаи мансаби Муовини сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқа барои иҷро накардан ва ё бо таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, ғайримақсаднок истифода бурдан ва нобуд сохтани моликияти вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

                                  6. Муқаррароти хотимавӣ.

– Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ ба сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани сана дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ супорида мешавад.

– Ҳангоми ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқи хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи аттестатсия ва ё баҳодиҳии фаъолияти солона,инчунин ҳангоми таҷдиди сохторӣ ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии муовини сардори Раёсати  алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ  карда мешавад.

                 Сардори

раёсати алока ва иттилоотонӣ                                 ______________    Хасанов Р.Х.

Ба дастурамал шинос шудам:                                                ___________________________

                                                                                                       (имзо)                               ( ному насаб)

«____»_________2013 сол.