Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Гимназияи хусусии «Қалам»-ро ифтитоҳ намуданд
Иншооти мазкур 4-ошёна буда, аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Декор инвест” ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ бунёд шудааст.
Гимназия барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои 27 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузаронидани дарсҳо дар синфхонаҳои он тахтаҳои электронӣ насб шудаанд.
Боргоҳи илму маърифат аз 6 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, 2 синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон иборат мебошад.
Китобхонаи гимназия дорои 20 ҷойи нишаст, 2 ҳазор нусха китоби бадеӣ ва 1 ҳазору 500 нусха китоби фаннӣ аст, ки хонандагон дар вақтҳои муайян аз он самаранок истифода менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Гимназияи хусусии “Қалам” ҳамзамон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 — 2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Бо ин мақсад 2 озмоишгоҳи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои назариявии химия ва физика бо тамоми дастгоҳҳои заруриву аёнияти хониш бунёд ёфтааст. Бо истифода аз чунин имконот хонандагон таҷрибаҳои гуногуни химиявӣ гузаронида, дониши худро сайқал медиҳанд.
Синфхонаҳои технологияи иттилоотии бо компютерҳои замонавию хати баландсуръати интернет муҷаҳҳаз, ба омӯзиши нозукиҳои ин соҳа мусоидат менамояд.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷорӣ намудани раванди таълиму тарбия 40 омӯзгор дар асоси озмун ба кор ҷалб гардида, барои фаъолияти онҳо 4 ҳуҷраи алоҳидаи корӣ муҳайё мебошад.
Толори маҷлисии зебову замонавии гимназия беш аз 130 ҷойи нишаст дошта, ошхонаи он имконият дорад, ки дар як вақт ба зиёда аз 60 нафар омӯзгору хонанда хизмат намояд.
Бо дарназардошти талабот ва меъёрҳои ҷорӣ дар ошёнаи якуми муассиса толори барҳавои варзишӣ бунёд гардида, дар он имконияти зарурӣ барои гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои волейболу баскетбол шароити мусоид фароҳам аст.
Ҳамзамон дар ошёнаи чоруми муассиса майдончаи варзишии болокушода барои бозии футболи хурд сохта шудааст, ки 60 ҷойи нишаст дорад.
Муассиса ҳамчунин дорои дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои гузаронидани маҳфилҳо, бойгонӣ ва ҳуҷраи тиббӣ мебошад, ки талаботи замон аст.
Лозим ба таъкид аст, ки иншооти нави соҳаи маориф бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, таълиму тарбия дар он мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин муассисаи нави соҳаи маориф ба масъулин ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон, омӯзиши илмҳои замони муосир ва баланд бардоштани малакаи забондонии ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳайати омӯзгорон муассисаи навро дар арафаи соли нави хониши 2023 — 2024 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо масъулияти зиёд фаъолият менамоянд.