Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Навид Хабарҳои расмӣ

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.

Иншоот бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 6 ширкати сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст. Лоиҳаи маҷмааро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” бо дарназардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ намудааст. Дар рафти сохтмон бештар аз 350 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи муосири варзишӣ 70 нафар мутахассиси соҳаи варзиш ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, барои онҳо шароити мукаммали корӣ мавҷуд мебошад.

Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.

Маҷмааи муосири варзишӣ аз чор қисм иборат аст. Дар қисми аввали иншоот, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, толорҳои аэробика, саққобозӣ, шоҳмот, ошхона, бунг