Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа баргузор шуд
Имрӯз соати 10:00 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 “Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма”, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Дар он муовини аввали Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, корхонаҳои сертобеи хадамот, раҳбарияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ ва беш аз 40 нафар намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорону журналистон ва таҳлилгарон иштирок карданд.
Нишастро муовини аввали Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ифтитоҳ намуда, дар оғоз ба рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар маълумот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки Хадамоти алоқа дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи алоқаи почта”, Низомнома “Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, №252 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2023 Хадамот баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури кори худ қарор дод.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқаи барқӣ ба аҳолӣ (пешакӣ) 1 миллиарду 590 миллиону 750 ҳазору 975 сомониро ташкил намуд, ки нисбати нимсолаи аввали соли 2022 (1 миллиарду 292 миллиону 648 ҳазору 807 сомонӣ) 123,06 фоиз зиёд шудааст. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ даромади иҷозатномадорон дар соҳаи алоқаи барқӣ дар нимсолаи аввали соли 2023, маблағи 1 миллиард 155 миллиону 884 ҳазору 419 сомониро ташкил намуда, хироҷи зикршуда ба маблағи 28 миллиону 897 ҳазору 110 сомониро ташкил менамояд.
То ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои бақайдгирифташудаи (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ) истифодабарандагони алоқаи мобилӣ – 8 миллиону 302 ҳазору 529 рақамро ташкил медиҳанд, аз ин ҷумла – 5 миллиону 643 ҳазору 454 рақам муштариёни фаъол, истифода мешаванд.
Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодаба-рандагони интернети мобилӣ ва собит 4,5 млн. нафарро дар бар гирифтааст.
Дар қисмати дигари нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзномагирон посухҳои мушаххас дода шуд.