ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ ВА ПРОВАЙДЕРҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ДАР ХАДАМОТИ АЛОҚА

Навид Хабарҳои Хадамот

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ ВА ПРОВАЙДЕРҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ДАР ХАДАМОТИ АЛОҚА

Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Илҳомҷон Атоев, муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  чанд масъала, аз ҷумла таҷлили 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ, дар сатҳи баланд баргузор намудани Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чорандешиҳо ҷиҳати тақвияти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, инфросохтори ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои раҳбарияти олии Ҳукумати кишвар масъулини Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф шудаанд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар тамоми маконҳои ҷамъиятии пойтахт, махсусан боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва меҳмонхонаҳо дастрасӣ ба Wi-Fi таъмин гардида, ҳамчунин истгоҳҳои сайёр барои боло бурдани суръати интернет ташкил карда шавад.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ чораҳои амалишуда доир ба иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва арзон намудани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ, ҳамчунин баланд намудани сатҳу сифати он, ки мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, таҳлилу баррасӣ шуд. Дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода шуд, ки ҷиддан талош намоянд.

Дар охир ба масъулин ҳидоят дода шуд, ки ҷиҳати расидагӣ ба арзу шикояти муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет аз тамоми гӯшаву канори кишвар, чораҳои қатъӣ андешанд.