Tcell барои азнавбақайдгирӣ тӯҳфа медиҳад

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Tcell барои азнавбақайдгирӣ тӯҳфа медиҳад

Ширкати мобилии Tcell барои муштариёне, ки симкорташон бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудааст, дар сурати бо намунаи соли 2014 азнавбақайдгирӣ  гузаштан,  пардохти ройгони муштариро барои як моҳ ҳамчун тӯҳфа муқаррар кардааст. 
 
Ин имтиёз аз ҳафтаи гузашта оғоз шуда, то 31.07.2023 эътибор дорад.
Муштариён метавонанд, ба наздиктарин маркази хизматрасонии Tcell бо шиносномаи нав муроҷиат намоянд, аз нав ба қайд гиранд ва як моҳ пардохти муштариро ройгон ба даст оранд.
Ҳамчунин, ширкати мобилии Tcell  дар баробари як моҳ пардохти ройгон барои муштарӣ  боз 1000 МБ тӯҳфа медиҳад.