ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМТАРИНИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Ахбороти технологияҳо Мубориза бо терроризм Навид

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМТАРИНИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Дар асри XXI, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон ба тафаккури ҷомеа бисёр амиқ ва нишонрас ба назар мерасад. Расонаҳои иттилоърасон ҳатто ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд, аз ин лиҳоз, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гардидааст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ раванди таъсиррасонии омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.
Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун вабои хатарнок доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, зарурати дарки амиқ ва пешгирии ҳамаҷонибаро талаб менамояд
Афзоиши зуҳуроти терроризми байналмилалӣ дар манотиқи мухталифи сайёраи мо боиси афзоиши назарраси таблиғот ва интишори ғояҳои террористӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ташкили экстремизм ва терроризми иттилоотӣ гардида аст. Воситаи асосии чунин фаъолияти харобиовар имкониятҳои ҳамеша нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар даҳсолаи охир мисолҳои таблиғи ифротгароӣ ва терроризм дар интернет мушоҳида мешавад, ки ҳеҷ марзу бум надорад.
Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар мерасад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Яке аз роҳҳои муосире, ки ақидаҳои мардумфиребонаи ҳизбу ҳарактҳои террористиву экстремистӣ тавассути онҳо паҳн гардида, ба амнияти кишвар хатар эҷод менамояд, ин дастрасии умумии иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иттилооти ҳадафмандонаи созмонҳои ифротгаро, ки бар зидди якпорчагии давлат, сохтори конститутсионӣ ва ҳамбастагии миллат равона гардида, оқибат ба содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби шахсони кундфаҳму кӯтоҳандеш мегардад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад.
Дар сурате, ки мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотии муғризонаи душманони созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти давлату миллат таъсири манфӣ расонад. Мисоли равшани он, ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир мебошанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдонҳо, анҷом додани амалҳои гуногун ва ғайраҳо сурат гирифтааст.
Дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда ҳар як узви ҷомеа бояд посухҳои муносиб диҳад, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Мо набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр намоем ва хомӯширо пеша кунем. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад. Ҳар яки мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни ироаи паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар мулоқотҳои ҷудогона оид ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 дар ин робита гуфта буданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Тавре, ки дида истодаем раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилиҳоро низ ба бор овардаву сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе аз дастовардҳои ҷадиди илмию техникие, ки инсоният кашф кардааст, имрӯз ба амнияти худи сокинони сайёра хатар эҷод намуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки зиёд гардидани таҳдидҳои иттилоотӣ давлатҳоро водор сохтааст, ки ба амнияти иттилоотии худ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.
Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда, коркард мегардад, ки дар дохили он маводҳои ғалат (фейк) низ мебошанд. Имруз шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷӣ ба ҷои густариш ва ҳамбастагӣ бо ҳадафҳои геополитикӣ ба майдони набардҳои иттилоотӣ ворид шуда, вазъи кишварҳо ва ҷомеаҳоро ноором менамоянд.
Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, пешгирии пайравии ҷавонони сустирода ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси зиракиву сиёсии ҷавонон, таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм мебошад.
CИЛМОН МАВЛОНАЗАРОВ,
сарходими илмӣ-профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ,
дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ, номзади илмҳои педагогӣ