ТАҶРИБАИ ШИРКАТҲОИ ФАРОМИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

ТАҶРИБАИ ШИРКАТҲОИ ФАРОМИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TNK
Омӯзиши нақши ширкатҳои фаромиллӣ дар давраи ҳамгироишавии Тоҷикистон ба иқтисодиёти глобалии муосир аҳамияти муҳимро пайдо мекунад. Дар соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат ворид шуд. Аъзогӣ дар ин созмон, даст кашидани аз бисёр чорабиниҳои протексионӣ, ки пештар бозорҳо ва фазои инвеститсионии кишварро аз азхудкунии хориҷӣ муҳофизат мекарданд, боиси дасткашӣ мегардад. Аммо бо назардошти ин, иқтисодиётро кушодан танҳо ба шарти баҳодиҳии иқтисодӣ ва бехатарии иқтисодии захираҳои он лозим аст. Бинобар ин, дар шароити воридшавии интенсивӣ ва вусъатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳон бояд ширкатҳои фаромиллӣ шахсӣ ташаккул ёбанд ва фаъолият баранд, чунки аз бештар ҷиҳатҳо мавҷудияти ширкатҳои фаромилии хусусӣ дараҷаи тайёрии Тоҷикистонро дар иштирок аз нав гуруҳшавии глобалии қувваҳо, муайян мекунад. Бо назардошти ин, омӯзиши фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва фаҳмиши нақши онҳо дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳимро пайдо мекунад.

 

Дар доираи фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ ҳам аз тарафи Кумитаи байнидавлатии иқтисодии ИДМ Созишнома оиди ширкатҳои фаромиллӣ дар давлатҳои ИДМ қабул карда шуд. Ҳадафи Кумитаи мазкур дар фароҳамкунии шароитҳо барои ташаккули сохторҳои саноатии фаромиллӣ, ҷалбкунии сармоягузорӣ ва ғайра мебошад. Ҳамчун ҳуҷҷати умумии меъёрӣ-ҳуқуқӣ Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва ташаккули муассисаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявию қарзӣ, суғуртавӣ ва муштараки фаромиллие, ки соли 1994 ба имзо расид, ба ҳисоб меравад. Бо мақсади инкишофи низомномаҳои он созишномаҳои дутурафа байни Федератсияи Россия ва Тоҷикистон, Қазоқикстон, Беларус, Узбекистон ва Кирғизистон қабул карда шуд.

Дар айни замон ширкатҳои фаромиллӣ дар як қатор мавридҳо ба сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ нуфӯз ва нақши асосиро мебозанд. Иштироки онҳо дар ташаккули фазои фаромиллии сиёсати ҷаҳонӣ аҳамияти бештар таркибӣ, васеъ намудани миқёс ва амиқро пайдо мекунад.

Дар асри XXI фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ дар миқёси байналмилалӣ бештар шакли сиёсиро қабул мекунад. Хислати байналмилалии фаъолияти онҳо доимо бо масъалаҳои сиёсати беруна дучор мешаванд. Бо назардошти ин, роҳбарони ширкатҳои бузург мустақилона, бе дастгирии мақомоти берунисиёсии давлатҳои ҷойгиркунанда, тавассути гузаронидани мулокотҳо ва музокиротҳо ҳалли масъалаҳои асосии фаъолияти ширкатҳои худро меёбанд.

Дар давлатҳои ҷойгиркунанда фаъолият бурда, ширкатҳои фаромиллӣ фаъолона ба ҷараёни сиёсии миллӣ ворид мегардад. Намояндагони онҳо ба ассотсиатсияҳои миллии гуногун, консорсиумҳо ва дигар иттиҳодияҳои саноатӣ ворид мешаванд ва дар дохили онҳо имконият ба роҳбарони ҳокимияти миллӣ баромаданро доранд. Ширкатҳо ба фондҳои интихобӣ ва дигар фондҳои партияҳои сиёсии миллӣ ҳам, ки мақсади гирифтани манфиатҳои муаяни тиҷоратӣ доранд, нуфӯзи худро мебозанд.

Ба шарофати сохтори худ ширкатҳои фаромиллӣ ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам устувор шуданд. Соҳиби сармояи бузург буда, ширкатҳои фаромиллӣ на танҳо ба зиндагии иқтисодии давлатҳои шарикӣ ворид шуданд, балки ба қисман (ва дар баъзе мавридҳо пурра) вобастагии давлатҳои мазкур бо гуруҳи муайяни ширкатҳои фаромиллӣ дучор мешаванд ва ба зиндагии сиёсӣ ҳам таъсири худро мерасонанд.

Сарфи назар аз фарқиятҳо дар қонунгузориҳои миллӣ, сатҳи гуногуни тараққиёти иқтисодӣ ва нақшҳои сиёсӣ, ширкатҳои фаромиллӣ қобилияти зиндагии худро исбот карданд. Инкишофи гуногуни давлатҳо барои ширкатҳои фаромиллӣ монеаи қатъӣ намешаванд. Андешаҳо бар зидди ташаккул ва мавҷудияти ширкатҳои фаромиллӣ бошанд ҳам, аммо дар таҷриба, онҳо бешубҳа ҳуқуқи худро ба мавҷудият исбот карданд.

Ширкатҳои фаромиллӣ ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, технологӣ ва дар давраи нав сиёсӣ-иҷтимоии давлатҳои ҷаҳониро ба амал медароранд. Фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ қатъиян сурати ҷаҳонро тағйир менамояд, инчунин бе назардошти мавриди мазкур, мо равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир рух медиҳанд, наметавонем биомӯзем.

Дар тадқиқотҳо фикрҳои гуногун ва ҷараёнҳои муқобил ба фаъолияти сохторҳои иқтисодии бузург зикршудаанд, ки худудҳои миллиро ба назар намегиранд. Талҳили оқибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии фаромиллигароии ширкатҳои фаромиллӣ нишон медиҳад, ки баҳодиҳии манфӣ ё мусбии фаъолияти онҳо нодуруст аст. Бо вуҷуди ин, падидаи ширкатҳои фаромиллӣ тадқиқотҳои ояндаро  (яъне ҳам масъалаи алоқаи мутақобилаи ширкатҳои фаромиллӣ бо манфиатҳои миллӣ, стратегия ва ихтиёрӣ; ҳам масъалаи ҳуқуқи байналхалқӣ; ҳам масъалаи фазои геополитикие, ки дар он ширкатҳои фаромиллӣ сабаби расмии зиддияти давлатҳо ва дар оянда истисмори захираҳо мегардад ва ғайра)-ро зарур медонад.

Раванди вайроншавии мунтазами асосҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-таърихии давлатҳои мустақил дар ҷаҳон хатари махсус дорад. Бо вуҷуди ин, зарбаи қатъӣ ба давлатҳои бисёрмиллие, ки дар ҳудудҳои умумӣ ҷойгиранд ва бо захираҳои бисёр таъминанд (давлатҳои ИДМ), расонида мешавад.

Дар бобати ин, омӯзиши нақши ширкатҳои фаромиллӣ дар давраи ҳамгироишавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти глобалии муосир, аҳамияти муҳимро пайдо мекунад.

Дар таҷрибаи давлатҳои  ИДМ танҳо дар Федератсияи Россия фаъолияти расмии ширкатҳои фаромиллӣ вусъат дода шуд. Ба қатори ширкатҳои фаромиллии русӣ гуруҳҳои молиявӣ – саноатӣ дохил мешаванд, ба монанди: ҶСР “ЕЭС России”, ҶСК “Газпром”, ширкати нафтии “ЛУКойл” ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои фаромиллӣ расман амал намекунанд, аммо онҳо ба тарзи хусусӣ мавҷуданд. Ба онҳо дохил мешаванд: “Хёндаи электроникс”, “Фолксваген”, “Мегафон”, “Билайн” ва ғайра. КВД “Хурокворӣ” бошад, кӯшишҳо дорад, ки ба шакли фаромиллӣ дохил шавад. Куллан, таҳлили фаъолияти ширкатҳои фаромилллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабабҳо ва заминаҳои он тадқиқотҳои зиёдри ояндаро талаб мекунанд.

 

Мунира НАЗИРОВА

Бознашр аз https://apa.tj/