Таҳияи нави сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар сомона имкониятҳои нав барои дарёфт кардани маводи зарурӣ, аз ҷумла пешниҳоди васеи ҷустуҷӯ аз рӯйи калидвожаҳо, сана ва рақам, калону хурд кардани андозаи матнҳо, бо сифати баланд дар таҷҳизоти худ боргирӣ кардани аксу наворҳо ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила намудани онҳо фароҳам оварда шудааст.
Барои истифодабарандагони компютер, телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо тарҳҳои алоҳидаи сомона таҳия гардида, хабарҳо дар онҳо ба таври хос ҷойгир карда мешаванд.
Ҳамаи маводи сомона бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисиву арабӣ пахш ва бо аксу наворҳои баландсифат пешниҳод мегардад. Бахшҳои сомона аз зербахшҳои зиёд иборат буда, дар онҳо маълумоти муфассалу фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Дар сомона барои хонандагон ҳамчунин дар бораи Тоҷикистон, Рамзҳои давлатӣ, Пешвои миллат, Президент, Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроия маълумот пешниҳод гардидаанд.
«Нома ба Президент» аз бахшҳои муҳими сомона буда, барои таъмини робитаи мустақиму бевоситаи Роҳбари давлат бо истифодабарандагони ин саҳифаи интернетӣ ва умуман мардуми кишвар пешбинӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки аввалин маротиба сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2005 таҳия гардида, соли 2012 навсозӣ шуда буд.
Таҳияи нави сомонаи https://www.president.tj ба кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳар як истифодабарандаи шабакаи ҷаҳонии интернет имконият медиҳад, ки бо истифода аз навгониҳои он ё аз саҳифаҳои Президент дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, X.com, Telegram, Youtube саривақт, бевосита ва ба осонӣ маълумоти заруриро дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намоянд.