Бренди муштараки оби “Сиёма” ва “МегаФон Тоҷикистон” истеҳсол шуд
Дар толорҳои алоқа яхдонҳо бо оби кӯҳӣ пайдо шуданд, ки дар рӯзҳои гарм ташнагиро мешиканад. Миқдори маҳдуд зери бренди «МегаФон Тоҷикистон» аз ҷониби ширкати «Сиёма» истеҳсол шудааст. Дигар лоиҳаҳои муштарак низ дар назаранд, ки боздидро ба толорҳои аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба вақтгузаронии гуворо табдил медиҳанд.
Дар толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» мизоҷон метавонанд тавозуни телефони худро пур кунанд, қарзҳо ва ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намоянд, интиқоли маблағ анҷом диҳанд ва дастгоҳҳои мобилӣ бихаранд. Мушовирон омодаанд, ки дар бораи тарзи пайваст кардани интернети хонагӣ ё гирифтани пули нақд аз корти бонкӣ бо ёрии хизматрасонии «Cash Out» маълумот пешниҳод намоянд. Барои истифодаи бештари хизматрасониҳо, муштарии ширкат будан шарт нест.
Аз моҳи сентябр дар толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» оби брендшудаи софи аз пиряхҳо ҷоришавандаро харида метавонед. Дар 18 нуқтаи фурӯши оператор дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ яхдонҳои дорои оби «ҳаёт» аз кӯҳҳои кишвар гузошта шуданд. Дар оянда доираи ҳамкорӣ ва номгӯи маҳсулоте, ки хизматрасониҳои рақамиро пурра менамояд, васеъ мегарданд.
«Об аз хизматрасониҳои алоқа дур ҳам бошад, вале мо кӯшиш дорем, ки мизоҷони толорҳои алоқаи худро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кунем. Дар фасли гармо меҳмонон аксар вақт мегӯянд, ки хоҳиши рафъи ташнагӣ доранд. Аз ин рӯ, мо лоиҳаи муштаракро бо оби «Сиёма» оғоз намудем. Мо аллакай дар бораи пешниҳоди қаҳва ба мизоҷон дар ҳавои сард фикр карда истодаем. Барои онҳое, ки толорҳои моро интихоб мекунанд, шароитҳои бароҳат фароҳам меорем!» – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва НТМ – Далер НАИМОВ.