ШУҶОАТИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Навид

ШУҶОАТИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Аз таҷрибаи таърихи башарӣ маълум мегардад, ки дар масири пурпечутоби давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсӣ на ҳама сарварони сиёсӣ дар роҳи хидмат намудан ба ҷомеа ва халқи хеш пирӯз мешаванд. Албатта, он шахсиятҳое дар ҷаҳони сиёсат мондагор мешаванду барои дигарон идея, ки қабл аз ҳама ирода ва ҷасорати сиёсӣ дошта бошанд. Маҳз ҷасорат ба сарвари сиёсӣ имкон медиҳад, ки барои ҷомеа ва халқи худ хидмати шоиста намояд. Ҷасорати Куруш буд, ки аввалин империяи бузурги ҷаҳонӣ аз ҷониби ниёкони тоҷикон бунёд карда шуд. Ҷасорати сиёсии Исмоили Сомонӣ буд, ки новобаста аз таҳдидҳои зиёд тавонист мустақилияти сиёсии мулки хешро таъмин намуда, ба нахустин давлати миллии тоҷикон асос гузошт. Қобили зикр аст, ки модари тоҷик фарзандони матину баргузидае дар раванди таърих ба ин халқ ҳадя намудааст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсозу муҳим нақши мондагорро иҷро менамоянд.

Дар охири садаи ХХ-ум дар он марҳилае, ки сухан дар боби ҳастӣ ва ё аз байн рафтани миллату давлати тоҷик мерафт, бо амри тақдир мерасобре аз дудмони Курушу Исмоил зимоми сиёсат ва хидмат ба халқи хешро ба даст гирифт, ки дар муддати кутоҳ дар роҳи бунёди давлатдории мустақилу комилҳуқуқ нақши мондагор гузошт.

Воқеаҳои фоҷабори ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои аксар ошно аст. Дар он давраи бисёр муҳим, ки тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буду, ба ҳастии миллату давлат хатарҳои зиёди нестшавӣ таҳдид мекард, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ шахсиятеро кашф намуд, ки бо шуҷоату хиради воло тақдири тоҷиконро ба даст гирифт. Ин шахсият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар таърихи 19-уми ноябри соли 1992 ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар он рӯзҳое, ки сокинони зиёди кишвар талаф ёфта, аз манотиқи ҷанубии кишвар ҳазоррон нафар рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ оварданду буҳрони шадиди иқтисодӣ ва бемориҳои сироятӣ аҳолиро таҳдид мекард, баргузор гардидани ин Иҷлосияи тақдирсоз бузургтарин муваффақият дар таърихи наздик ба ҳазорсолаи тоҷик буд. Замоне буд, ки тарсу ваҳм тамом аҳолиро фаро гирифта, аксар ходимони давлатӣ бетарафиро ишғол намуда, ба истеъфо мерафтанд. Аз ноуҳдабароии баъзе аз масъулони идорӣ гурӯҳҳои мухолиф истифода намуда, вазъи кишварро боз ҳам мураккаб менамуданд. Кор то ҷое расид, ки бародар бо бародар душман шуда, аз тарси яке дигре ба гурезагӣ рӯ овард.

Дар рӯзҳои аввали Иҷлосия аксар бо ҳаяҷон сухан меронданд, фикру пешнипҳодҳо мухталиф, вазъи мавҷударо ҳар шахс ҳару гуна таҳлилу баррасӣ менамуданд.

Дар Иҷлосия баромади вакили халқ, Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигарон ба куллӣ тафовут дошт. Ин чеҳраи мондагори миллат дар баромади нахустини худ бо тамоми факту далелҳо вазъи воқеии буҳрони ҳокимиятро таҳлил ва амалу кирдорҳои гурӯҳҳои яроқнокро маҳкум карда, аз ҷумла таъкид намуданд: “Ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувва қисмат кардани Тоҷикистон муяссар намегардад. Онҳое ки бо зӯри яроқ сари қудрат омаданд ва ҳокимияти конститутсионро забт карданд, лаънатзадаи халқ ҳастанд. Мо омода ҳастем ва қувваи кофӣ дорем бо онҳо муборизаи беамон барем …”

Баробари ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат бо шуҷоату далерӣ ва матонати беҳамто ба вазъи ногувор ва таҳдиди душманони дохиливу хориҷӣ нигоҳ накарда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот талошҳои зиёд ба харҷ дод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин баромади худ дар Иҷлосия дар назди вакилон чунин иброз намуд: “Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем… Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”.

Ӯ корро аз ҳамин гуна суханҳо сар кард ва ба ҳар як суханаш амал намуд ва то ба дараҷае, ки баъзан аз гуфтаҳояш зиёд амал менамуд, то халқ ва миллаташро аз варатаи нобудшавӣ бираҳонад. Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро дар ба ҳам омадани ин миллат ва ваҳдати миллӣ медид ва барои дар амал татбиқ намудани ин заҳмати зиёд кашид. Роҳи сулҳу ваҳдати миллиро дар баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва бахшиши ҳамдигар медид. Ба вазъи ногувори Афғонистон нигоҳ накарда, таклифи ҳайати мухолифинро ҷиҳати дар шаҳри Кобул ва деҳаи Хостдеҳ музокира намудан қабул кард. Таърих ягон сарвареро дар хотриаи худ сабт накардааст, ки халқи муҳоҷиршудаи хешро дубора ба Ватан баргардонад ва ҳатто дар ин роҳ кӯшише ҳам карда бошад. Дар ин роҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои дигаре надорад. Мазори гурезаҳои тоҷик дар Афғонистон ба вуҷуд омад. Ин барои сарвари сиёсии дурандешу хирадманде чун Эмомалӣ Раҳмон нангу номуси миллӣ буд. Ана ҳамин номуси миллӣ ва ватандории ин чеҳраи мондагори миллат боис шуд, ки миллати пароканда сарҷамъ шаваду ба ояндаи хеш ба боварӣ нигарад. Миллате, ки ба бозичаи дасти гурӯҳҳои тундраву ғаразноки дохилӣ ва хориҷӣ қариб буд, ки табдил ёбад. Саркардаҳои ин моҷарои сиёсиро ба хотири мондагории миллату давлати тоҷикон авф кард то ба худ биёянд. Бахшиш усули мардон аст на аз нотавонон.

Бояд таъкид намуд, ки дар чашми миллат нобоварӣ ба оянда медурахшид. Аммо ин ҳама бадбахтии ба амаломадаро Худованд тавассути фарзанди ин диёр, писари деқон, заҳматпеша ва аз ғами халқу миллати хеш бохабар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баратарф намуда, ба миллати тоҷик имкони ҳастӣ ва давлатдорӣ эҳдо намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварест, ки зиёда аз 6 сол ҷони худро дар хатар монду ҳайати мухолифинро ба имзои созишномаи сулҳ ва ризояити миллӣ розӣ кунонид.

Ин ҷасорату хирдамандии марди роҳи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созишномаи сулҳ ба имзо расиду давлату миллати тоҷик аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Ибрагимов Ҳасанҷон – н.и.и., дотсенти

кафедраи омори факултаи баҳисобгирӣ

ва иқтисоди рақамии ДМТ