Ширкати «Вавилон-Мобайл» аз роҳандози намудани хизматрасониҳои нави «Mobi ULTRA 1» ва «Mobi ULTRA 2» эълон мекунад!
«Mobi ULTRA 1» ва «Mobi ULTRA 2» хизматрасониҳои нави «Вавилон-Мобайл» буда, ба Шумо имконият медиҳанд, бо истифодаи сарфакоронаи трафик вақтатонро дар Интернет бароҳат ва оқилона гузаронед!
«Mobi ULTRA 1» чӣ гуна кор мекунад?
Пас аз фаъол кардани яке аз хизматрасониҳои «Mobi ULTRA» дарҳол ба Шумо ҳаҷми АСОСӢ ва ИЛОВАГИИ трафики Интернетӣ барои муошират дар мессенҷерҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube (вобаста ба хизматрасонии интихобшуда) пешкаш карда мешавад.
Трафики асосӣ – трафике мебошад, ки Шумо метавонед онро барои гӯш кардани мусиқӣ, хондани китобҳои электронӣ, сайругашт дар интернет ва ғайра истифода баред.
Трафики иловагӣ- трафикест, ки барои хизматрасониҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
Мессенҷерҳо: Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, Facebook messenger.
Шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook, Instagram, VK, OK, Twitter, TikTok
Видео-хостинг: YouTube
*рӯйхати хизматрасониҳое, ки ба трафики иловагӣ дохил мешаванд, аз шартҳои хизматрасонии интихобшудаи «Mobi ULTRA 1» ва «Mobi ULTRA 2» вобаста аст.
“Mobi ULTRA” – ултрабароҳат барои муоширати муосир!
Тафсилоти бештар оид ба хизматрасонӣ: http://babilon-m.tj/tj/services.php?id=127