Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии соҳа мусоидат менамояд

Навид Хабарҳои Хадамот

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии соҳа мусоидат менамояд

 Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 оид ба суръат ва сифати интернет дар ҳудуди Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки «рушди соҳаи алоқа, бахусус таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст намудани арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои гуфташуда ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд».АМИТ «Ховар» иҷрои дастурҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз тарафи Хадамоти алоқа ва дигар сохтору мақомоти марбута мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян шуд, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат табдирҳои зарурӣ амалӣ намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид ва баъд аз иҷрои муқаррароти қонунӣ дар ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 19 апрели соли 2023 қабул шуд.

Тавре муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев изҳор намуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати озод, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, истифодаи имконияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи «ҳукумати электронӣ», қабули якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ таҳия ва барои қабул ба парламенти мамлакат пешниҳод шуда буд.

Зарурати дар таҳрири нав қабул намудани ин қонун мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», сода, оммафаҳм ва мушаххас гардонидани муқаррароти қонунгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, пешгирии духӯрагӣ ва аз муқаррароти қонунгузории соҳаи алоқаи барқӣ хориҷ намудани меъёрҳое, ки ба қонунгузории дигар соҳаҳо алоқаманд ҳастанд, таъмини амнияти иттилоотӣ тавассути соҳаи алоқаи барқӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва умумидавлатӣ, инчунин пешгирии ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад.

Ҳамчунин бо қабули қонун дар таҳрири нав манфиатҳои давлат дар самти истифодаи хизмати алоқаи барқӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, таъмин ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сифати баланди хизматрасонии алоқаи барқӣ ба истифодабарандагон, ба таври ройгон анҷом додани бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба инобат гирифта шудааст.

Ҳадафи дигари қабули қонуни нав таҳкими хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ, таҳкими ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадор ва истифодабарандагони соҳаи алоқаи барқӣ, таъмини рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи субъектони соҳа, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ шарҳ дода шудааст.

Тавре дар Хадамоти алоқа иттилоъ доданд, бо қабул гардидани ин қонун анҷом додани якчанд корҳо, аз қабили азнавташкилдиҳии равандҳои корӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, зарурати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии нав, ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии амалкунандаи соҳа, хароҷот барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти наву муосири техникӣ, дар вақти муайян барои оммафаҳм гардидани муқаррароти лоиҳаи қонун ва мавриди корбарии пурра қарор гирифтани он ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин тавр метавон изҳор дошт, ки мақсади иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, зарурати таҳияи ин қонун дар таҳрири нав бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти интернети босуръат ва босифат мебошад.

Бо шинос шудан бо қонуни нав муайян шуд, ки дар он моддаи нав — моддаи 14 ҷой дода шудааст, ки «Хизматрасонии интернет» ном дорад. Ин моддаи қонун аз 4 банд иборат буда, таъмин намудани хизматрасониҳо, баланд бардоштани суръат ва сифати интернетро танзим менамояд.

Аз моддаи иловашуда дар қонуни нав бармеояд, ки хизматрасонии интернет ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ мешавад (банди 1 моддаи 14).

Тибқи банди 2 моддаи 14 истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад оператори пешниҳодкунандаи хизматрасонии дастрасӣ ба шабакаи интернетро интихоб намояд. Дар банди 3-и ҳамин модда омадааст, ки муносибатҳо оид ба таҳвил ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет аз ҷониби иҷозатномадорон бо субъектҳои дигари соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома мустақилона ба роҳ монда мешаванд.

Банди 4-уми ин модда масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла пешгирии паҳну таблиғ намудани иттилооти ба шахс, ҷомеа ва давлат зарароварро дар бар гирифта, чунин ифода шудааст: «Аз ҷониби оператор, провайдер ва истифодабарандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ тавассути хизматрасониҳои алоқаи барқӣ паҳн ё таблиғ намудани ҳама гуна иттилоот бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, иттилоот дар бораи маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарзи омодасозӣ ва тарғиби маводи нашъаовар, тарканда ва маводи дигари заҳролудкунанда, ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равонагардида, хусусияти экстремистию террористидошта, порнография, аз ҷумла порнографияи кӯдакона, инчунин паҳн намудани ҳама гуна маълумот, ки бо санади судии эътибори қонунӣ пайдонамуда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, манъ мебошад».

Ба ифодаи дигар метавон гуфт, ки таҳия ва қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткориҳое, ки бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ содир мешаванд, равона шудааст.

Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи алоқаи барқӣ танзим намуда, дастрасӣ ба ҳама намудҳои хизматрасонии алоқаи барқиро кафолат медиҳад. Яке аз дигар ҳадафҳои қабул шудани ин санад ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ буда, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро васеъ менамояд.

Дар баробари қабул шудани қонун дар таҳрири нав — яъне таъмин намудани заминаҳои ҳуқуқӣ ҳамчунин корҳои амалӣ низ иҷро шуданд.

Чунончӣ, ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа, моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсад аз он мусоидат намудан ба раванди навсозию ислоҳот дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳудуди мамлакат буда, ин ҳуҷҷат заминаи ҳамкории ширкатҳои алоқаи мобилии мамлакатро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» фароҳам месозад. Дар доираи ин Ёддошти ҳамкорӣ ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, таҳкими шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) амалӣ мешавад.

Пештар аз ин байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати русии «Цифра» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ин санад робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония танзим менамояд. Дар ин замина таҳкими ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат ҳамкории васеи ҷонибҳоро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳо ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд. Ҳамзамон дар шароити рушди зудҳангоми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ имкон медиҳад, ки операторони мобилӣ ба таҷҳизоти навтарини соҳаи алоқа дастрасии фаврӣ дошта бошанд.

Дар доираи муқаррароти ин Ёддошт ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки таҳқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад. Ёддошти ҳамкорӣ фаъолияти гуногунҷанба байни операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Технологияи Хуавей Тоҷикистон»-ро таҳким бахшида, мақсади асосии он амалӣ намудани Нақшаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024-2028 мебошад.

Акрам САНГЗОДА,

Бознашр аз АМИТ «Ховар»