Ширкати Tcell насби таҷҳизоти барқдиҳанда (аккумулятор) дар истгоҳҳои базавии алоқаро оғоз кард
Иҷозатномадорони алоқаи барқӣ бо ташаббусу мусоидати Хадамоти алоқа дар истигоҳҳои базавӣ генераторҳо, дизелҳо ва аккумуляторҳоро марҳила ба марҳила насб ва роҳандозӣ карда истодаанд. Ҳадафи он таъмини истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо қувваи барқ дар ҳама фаслҳои сол мебошад.
Дар ин замина, аз ҷониби ширкати ТСЕЛЛ 500 адад ва дизел-генератор ва аккумулятор барои фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, харидорӣ шуда, насб ва ба истифода додани онҳо идома дорад.
Айни ҳол як қисмати онҳо аллакай дар истгоҳҳои базавии алоқаи барқии воқеъ дар шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва дигар навоҳии мамлакат насб шуданд. Зина ба зина ин таҷҳизоти барқӣ дар истгоҳҳои базавии алоқаи ниёздошта ҷойгир мешаванд.
Боиси зикр аст, бо ин мақсад тамоми операторони алоқаи барқӣ бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи дизел-генератор ва аккумуляторҳо шартнома ба имзо расонида то охири моҳи майи соли ҷорӣ дастрас ва истифода дода мешаванд.
Ин иқдом яке аз талошҳои омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон солҳои 2024-2025 низ мебошад.