ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ МАЙДОНИ НАВИ ТАБЛИҒИ ИДЕОЛОГИЯИ ИФРОТГАРОӢ

Ахбороти технологияҳо Мубориза бо терроризм Навид ТИК

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ МАЙДОНИ НАВИ ТАБЛИҒИ ИДЕОЛОГИЯИ ИФРОТГАРОӢ

Рушди бемайлони технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ шароити нави муборизаҳои идеологиро ба миён овардааст. Шароити бавуҷудомада имкон дод, ки ҳаракатҳои террористӣ-ифротгароӣ интернетро ҳамчун афзори муносиб барои тарғибу ташвиқи ғояҳои харобиовари худ истифода намоянд. Зиёда аз ин, имрӯз созмонҳои террористӣ аз усул ва воситаҳои ҷанги гибридӣ ба таври васеъ истифода карда истодаанд.

Айни ҳол шабакаи ҷаҳонии интернет дар баробари манфиатовар будан, ба ҳамон андоза хатарнок мебошад. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо манбаи иттилоърасонӣ, тарғибу ташфиқи фарҳанг ва муносибатҳои байни одамонро танзим менамояд, инчунин майдони ҷанги идеологӣ – равонии ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ бар зидди давлатҳои миллӣ гардидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук”, “Одноклассник”, “Инстаграм”, “Тик-ток”, “Телеграм”, “Твитер” ва ғайра ба таври густурда ғояҳои қавмгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, террористӣ ва бадбинии этникӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ-ифротгароӣ таблиғу ташвиқ шуда истодаанд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки интернет ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шароити таблиғи ғояҳо ва ақидаҳои ифоротиро фароҳам овардааст.

Бояд тазаккур дод, ки шабакаҳои иҷтимоиро мардуми оммӣ бештар дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода мебаранд, ки ин омил барои фаъолияти ҳаракатҳои тундгаро ва иртиҷоӣ бисёр муфид аст, зеро инро фурсати муносиб барои таблиғи ғояҳои ифротии худ медонанд. Агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар андозем, маълум мегардад, ки садҳо саҳифаҳои хусусӣ то гурӯҳҳои маҷозӣ ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ марбут мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз баъзе созмонҳои террористӣ-экстремистӣ дорои телевизион, радио ва сомонаҳо ҳастанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, таблиғотро аз тариқи маҳвора ва ВАО ба таври густурда ба роҳ монанд. Имкониятҳои болозикр дастрасии комили ташкилотҳои ифротгароӣ-террористиро барои таъсир расонидан ба афкори ҷомеа додааст. Ин дастрасӣ боис мегардад, ки тамоюли густариши нафрат миёни мардум боло бигирад ва таҳаммулпазирӣ аз байн биравад. Чунин ҳолат оқибат ба низоъ ва бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни олам бурда мерасонад.

Вобаста ба ин, дунёи маҷозӣ ба ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ имкон дод, ки ба сафҳои худ ҷавонони дорои касбиятҳои гуногун аз ҷумла барномасозонро ҷалб намоянд, ки дар натиҷа кибермуҷоҳидин, нуқтаҳои вохӯрӣ ва пойгоҳҳои интернетии террористиро рушд доданд.

Ба вуҷуд омадани чунин шароит ба роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои иртиҷоӣ имкон дод, ки амнияти худро таъмин намоянд ва усулҳои нави иртиботиро бо якчейкаҳои хуфтаи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монанд. Масалан, аъзои гурӯҳи террористӣ дар ҷойи амн қарор мегирад ва нафарони ҷалб каркардаро тариқи интернет барои амалҳои террористӣ сафарбар карда, равандро пурра назорат мекунанд. Инчунин, аз тариқи он хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ маблағгузориро роҳандозӣ кардаанд. Акнун шабакаҳои иҷтимоӣ хатти нави ҷабҳа ё майдони нави муборизаҳо миёни ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва кишварҳои алоҳида гардидааст. Ҳамчунин, сиёсати духӯрагии баъзе қудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ-ифротгароӣ имкон дод, аз сатҳи маҳал то ба сатҳи минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод намоянду худро пинҳон карда тавонанд. Чунин ҳолат дар самти пешгирии амалҳои террористӣ ва муборизаро ба муқобили созмонҳои террористӣ-экстремистӣ мушкилоти зиёд эҷод намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ташкилотҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ниқоби риёкорӣ пӯшида, бо роҳи фиребу иғвогарӣ ва бо истифода аз назарфиребии сиёсӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, ба ҳаёти  шахсии шаҳрвандон дахолат намуда, аксу наворҳои қалбакӣ, иттиҳомоти бардурӯғ ва ибораҳои таҳқиромезро дар нисбати роҳбарон, нухбагон ва шахсиятҳои алоҳида раво мебинанд. Ин гуна амалкардҳо, пеш аз ҳама, нишони нотавонии гурӯҳҳои зикргардидаро нишон медиҳад, ки ягон барнома ва нақшаҳои комил рӯйи даст надоранд ва бо дастони ноаён барои бесуботнамоии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои геополитикии баъзе кишварҳои абарқудрат идораву роҳнамоӣ мешаванд.

Чунонеки аз фаъолияти ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24” мушоҳида мегардад, аъзоёни он одоб ва ахлоқи дуруст надошта, бо бадзабонӣ ва пастзании шаъну шарафи шахсият мехоҳанд худро ҳамчун ҳақиқатпараст, дилсӯзи мардум ва  ҷонибдорӣ адолат нишон диҳанд. Гурӯҳи мазкур бо суистифода аз фазои кушоди интернет бо даъватҳои ғайриқонунии оммавӣ даъват намуда, бо роҳи фитнаандозӣ ва иғвогарӣ ғояҳои ифротиро таблиғу ташвиқ менамоянд.

Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби ғояҳои ифротгароиро ба таври густурда ба роҳ мондаанд. Ҳаракатҳои ифротӣ талош доранд бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҳрифи ақоиди динӣ таъсири зиёди равонӣ ба мафккураи мардум гузоранд. Барои расидан ба ҳадафҳои болозикр гурӯҳҳои тундрав ҳуҷумҳои интернетиро пайваста анҷом медиҳанд. Гурӯҳҳои террористӣ-ифротгароӣ фаъолияти зиддимиллӣ ва зидифарҳангиро тақвият дода, зидди иродаи миллии мардум ва барои аз байн бурдани давлатҳои миллӣ кӯшиш карда, бо ҳар роҳу восита мавҷудияти миллат ва давлатҳои миллиро инкор менамоянд ва инро мехоҳанд дар мафкураи мардум ба таври иҷборӣ ҷой диҳанд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти ташкилотҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ давлатҳоро водор кард, ки барои пешгирии фаъолияти харобкоронаи гурӯҳҳои ифротгароӣ ва тундрав на танҳо дар алоҳидагӣ, балки бештар дар шарикӣ технологияи муқовимати иттилоотиро тақвият диҳанд. Дар натиҷа, системаи иттилоотии мутамарказ ба вуҷуд оварда шуд. Низоми мазкур барои бар зидди терроризми байналмилалӣ муқовимат кардан дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ тақвият ёфт, ки таъсири мақсадноки системаҳои иттилоотиро нишон медиҳад. Масалан, имрӯз кишварҳо дар иттиҳод дорои системаи иттилоотии мутамарказ мебошанд. Ҳамчунин, созмонҳои дорои хусусияти амниятӣ дошта СААД, СААШ инчунин СММ, СҲШ, ИДМ, ки дар таркиби созмонҳои мазкур ниҳодҳои махсус доир ба мубориза ба терроризм ҷой доранд ва дар фазои иттилоотӣ низ фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро ҳам таъқиб менамоянд.

Ҳамин тавр, дар олами муосир иттилоот, ки муҳимтарин рукни он ба ҳисоб меравад, ҷангҳои гибридӣ, муборизаҳои иттилоотӣ торафт бештар мегарданд ва иттилоот ҳамчун силоҳ истифода гардида истодааст. Роҳи ягонаи ҳифзи фазои иттилоотӣ истиқлоли технологӣ ва ба вуҷуд овардани системаи иттилоотии қавӣ мебошад. Зеро бештари маълумот тариқи интернет раду бадал мешавад ва мардум ҳам аз интернет иттилоотро дарёфт мекунанд ва хабари бардурӯғ метавонад мардумро ба гумроҳӣ ва ҷомеаро ба бесарусомонӣ бурда расонад.

ҶАҲОНГИР Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз mts.tj/