Санҷиши сифати алоқаи мобилӣ дар маҳалҳои гуногуни пойтахт

Навид Хабарҳои Хадамот

Санҷиши сифати алоқаи мобилӣ дар маҳалҳои гуногуни пойтахт

Давоми чанд рӯзи гузашта дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Душанбе мутахассисони Хадамоти алоқа, КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” якҷо бо намояндагони операторони мобилӣ санҷиш ва мониторинги сифати алоқаи мобилиро анҷом доданд.

Санҷишҳои техникии фарогир дар пойтахти дар пайи дархосту муроҷиати сокинони пойтахт сурат гирифта, мақсади асосии пурра дақиқ намудани маконҳои дорои сатҳи нокифоии мавҷи алоқаи мобилӣ  мебошад.

Пас аз санҷиш ва мониторинги сифати алоқаи мобилии ҳама ширкатҳо дар нуқтаҳои гуногуни пойтахт рӯйхати маҳалҳое, ки ба таҳкими фарогирии мавҷи алоқа ниёз доранд, тартиб дода шуд. Ин рӯйхат бо ишораи дақиқи иллатҳои заъфи алоқаи мобилӣ ва роҳҳои ҳалли он барои корбарӣ ба операторони мобилӣ дастрас гардид.

Боиси зикр аст, ки Хадамоти алоқа корбарӣ дар ин самтро дар шаҳри Душанбе ва тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дода, аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада дастрасии шаҳрвандон ба алоқаи бо сифатро тақвият медиҳад.