Сафари Сардори Хадамоти алоқа бо мақсади баррасии муроҷиати аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд, Муминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон

Навид

Сафари Сардори Хадамоти алоқа бо мақсади баррасии муроҷиати аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд, Муминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон

Бо мақсади баррасии муроҷиат ва дархостҳои аҳолӣ насбат ба алоқаи мобилӣ Бег Сабур, Сардори Хадамот ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд, Муминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон сафари корӣ анҷом дода, бевоситаи аз сатҳи фарогирии алоқаи мобилӣ ва мушкилоти ҷойдошта шинос шуд.

Ин сафар дар доираи Нақша-чорабиниҳо барои амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 сурат гирифта, дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасониҳои мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои маскунӣ ва шоҳроҳҳои автомобилгарди байнишаҳрию байниноҳиявӣ омӯхта ва муайян карда шуд.

Дар натиҷаи саниҷиши сифати алоқаи мобилӣ аз тарафи мутахассисони Хадамоти алоқа ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” омилҳои заиф будани алоқаи мобилӣ дар чандин маҳал мушаххас гардид.  Бо назардошти мушкили ҷойдошта Сардори Хадамот ба намояндагони операторони мобилии кишвар дар минтақаҳо супоришҳо мушаххас дод, ки сатҳу сифати алоқаро беҳбуд намоянд.

Ҳамчунин мушаххас гардид, ки афзоиши аҳолӣ ва ба вуҷуд омадани маҳалҳои нави маскунӣ дар минтақаҳо ниёз ба мавҷи алоқаи мобилиро афзун намудааст. Бо ин мақсад Бег Сабур, масъулини соҳаи алоқаро муваззаф намуд, ки  таъмини  маҳаллҳои нави маскунӣ ва зистӣ  бо алоқаи мобилиро дар авлавияти фаъолияти хеш қарор диҳанд.

Рафти сафарӣ кории Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа дар чанд минтақаи болозикр истигоҳҳои нави базавии алоқаи мобилӣ  аз тарафи операторони мобилӣ насб гардида, дар хизмати аҳолии маҳал қарор дода шуд. Роҳандозии ин истгоҳҳои базавӣ ба сатҳу сифати алоқаи мобилӣ таъсири мусбат гузошта, дастрасии қулай ва бидуни монеаи сокинонро ба хизматрасониҳои мобилӣ таъмин мекунад.

Дар рафти сафари корӣ Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо иштироки масъулини соҳаи алоқа бо шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд, Муминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувон чандин мулоқот анҷом дод. Дар баробари баррасии муроҷиату дархостҳои сокинон, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба онҳо оид ба тарзи дурусти танзими дастгоҳҳои мобилӣ барои пайваст шудан ба шабакаи глабалии Интернет гузаронида шуд.