Садҳо пойгоҳҳои базавӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон соли 2023 шабакаро вусъат бахшид

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ

Садҳо пойгоҳҳои базавӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон соли 2023 шабакаро вусъат бахшид

Зиёда аз 100 майдон барои таҷҳизот ва зиёда аз 500 пойгоҳи базавии стандартҳои мухталиф шабакаи «МегаФон Тоҷикистон»-ро дар соли 2023 пурра намуданд. Ҳиссаи асосии пойгоҳҳои базавии нав бо технологияи 4G/LTE амал менамояд. Инкишофи инфрасохтор ва баландбардории суръати интернети мобилӣ, ки асоси стратегияи оператор маҳсуб мешаванд, ба муштариён имкон доданд, ки хизматрасониро фаъолтар истифода баранд: давоми сол трафики таҳвили маълумот дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» то 35% афзоиш ёфт.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 

Қариб 150 пойгоҳи базавӣ шабакаи 4G-ро дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурра намуданд. Суръати як қисми пойгоҳҳои базавӣ зимни навкунӣ баланд бардошта шуд. Баъди корҳои гузаронида таҷҳизоти 3G ба ирсоли маълумот бо суръати то даҳ маротиба тезтар, яъне дар сатҳи 4G шуруъ намуд. Ба ғайр аз ин, бисёри пойгоҳҳои базавӣ дар басомадҳои гуногун – 800, 1800, 2300 ва 2600 МГтс кор менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки миқдори ҳарчи бештари трафик интиқол дода шуда, теъдоди истифодабарандагоне, ки ба онҳо интернети мобилӣ бо суръати баландтарин дастрас аст, зиёд шавад.

Вилояти Хатлон

Дар Хатлон оператор қариб 25 майдони нави пойгоҳҳои базавиро ба кор даровард, 150 пойгоҳи базавии қаблан насбшуда то нишондиҳандаҳои шабакаи насли чорум расонида, вусъат бахшида шуданд. Дар он ноҳияҳое, ки дар онҳо корҳои техникӣ гузаронида мешуданд, суръати интернети мобилӣ панҷ маротиба – аз 3-6 то 15-25 Мбит/c боло бурда шудааст.

Вилояти Суғд

Оператор дар вилояти Суғд зиёда аз 40 пойгоҳи нави базавиро ба кор дароварда, боз қариб 100 майдони дигарро мавриди навкунӣ (модернизатсия) қарор додааст. Натиҷаи умумӣ: соли 2023 фарогирии интернети мобилии насли чорум дар вилояти Суғд то 30% васеъ гардид.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

Миқдори пойгоҳҳои базавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 15% зиёд гардид. Инчунин яке аз лоиҳаҳои бомиқёс- навкунии шабакаи таҳвилӣ дар минтақа буд. Ҳамин тариқ, қобилияти гузариши хатҳои радиорелеӣ дар қитъаи Нуробод – Ванҷ қариб ду маротиба, аз 700 Мбит то 1,4 Гбит афзоиш дода шудааст. Мавҷудияти хатҳои радиорелеии худӣ бо чунин зарфият ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки аз хатҳои алоқаи нахӣ-нурии ба иҷора гирифта вобаста набошад ва муштариёнро ҳатто дар он вақте, ки манбаъҳои берунӣ аз кор мебароянд – масалан, дар вақти барфбориҳои шадид ё тармафароиҳо бо алоқа таъмин намояд.

Тамоми ҷумҳурӣ 

Яке аз лоиҳаҳои бузурги соли 2023 барои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» амалӣ намудани манбаи нави таҳвили маълумоти баставии PS Core буд. Қобилияти гузариши таҷҳизот ба андозаи зиёда аз 30% зиёд шуд. Ин ба сифат ва дастрасии интернети мобилӣ дар тамоми ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонид.

«Соли 2023 дар таърихи ширкати мо яке аз солҳои аз ҳама натиҷабахш буд. Миқдори умумии майдонҳо, ки дар ҳар кадоми онҳо метавон якчанд пойгоҳи базавӣ насб намуд, то 7% зиёд шуд. Дар миқёси ҷумҳурӣ ин дастоварди назаррас аст. Бо баландбардории самаранокии хизматрасонии рақамӣ дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон мо ба ҳаракатҳои минбаъдаи худ хотима бахшиданӣ нестем. Дар соли 2024 низ ҳаҷми корҳои техникӣ ҳамоно сершумор мешавад»,-гуфт оид ба нақшаҳои гузошташуда директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.