Дар Алмаато Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилотӣ олии Хитой – Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Новости Новости службы Новости технологий

Дар Алмаато Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилотӣ олии Хитой – Осиёи Марказӣ баргузор гардид

14 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Фаробӣ бо ташаббуси Донишгоҳи Сиан Ҷиаотун ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Фаробӣ Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии Хитой ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато хабар додааст.
Нахустин Форуми ҳамкориҳои таҳсилоти олии Хитой ва Осиёи Марказӣ соли ҷорӣ дар мавзӯи “Инқилоби чоруми саноатӣ: ҳамгироии саноат ва маориф” ба 10-умин солгарди ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” бахшида шуд.
Дар Форум консулони генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Алмаато ширкат ва суханронӣ карданд. Инчунин форуми мазкурро муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Дархон Ахмет-Закӣ, Президенти Донишгоҳи Сиан Ҷян Тун Ван Шугуо, раиси Раёсати Донишгоҳи миллии Қазоқистон Жансейит Туймебоев, раиси Шӯрои директорони Донишгоҳи миллии Қазоқистон Қайрат Мамӣ бо баромадҳои худ ифтитоҳ бахшиданд. Ҳамзамон дар кори чорабинии мазкур ректорони донишгоҳҳои Хитой ва Осиёи Марказӣ, олимон, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.