Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи масоили дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.
“Мояи хушнудӣ аст, ки шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад ва мо манфиатдорем, ки заминаи ҳамкории ду давлат минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”, – изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Олжас Бектенов дар навбати худ чунин изҳор дошт: “Дар Қазоқистон нақши Шуморо баҳри ташаккул ва рушди муносибатҳои ду давлат баланд арзёбӣ менамоянд. Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни мамлакатҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории давлатҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки соли гузашта гардиши мол байни давлатҳо ҳудуди як миллиарду яксаду панҷоҳ миллион долларро ташкил дод ва барои боло бурдани ин нишондиҳанда тадбирҳои муштарак андешидан зарур аст.
Зарур дониста шуд, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаву қарордодҳои ба маблағи тақрибан се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад.
Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуд.
Бо итминони комил изҳор гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонанд татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми саноатиро ба роҳ монанд, ки ба манфиати ҳарду давлат мебошад.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон ба Қазоқистон аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ дониста шуд.
Ҳамкории давлатҳо дар соҳаи истифода аз захираҳои об ва коммуникатсияҳои нақлиётию транзитӣ намунаи барҷастаи ҳамсоягии неки минтақавӣ номида шуд.
Дар ин замина ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро байни пойтахтҳои ду давлат таъкид намуданд.
Таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҷузъи муҳимми муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо дониста шуд.
Ҳамчунин ҷадвали мулоқоту музокироти дар пешистодаи дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди ибрози назар қарор гирифт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории давлатҳоро дар ҷаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи наҷоти Арал ва дар қолаби вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.