Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Ҳамчунин муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуму муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба камбудию норасоиҳое, ки дар кори ин ва дигар мақомоти давлатӣ ба назар мерасанд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо, муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, назорати харҷи босамари маблағҳои буҷетӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ пеш бурдани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки донистани на кам аз ду забони хориҷӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ватандӯст ва содиқ ба давлату миллат ва ҳамчунин мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими амну субот дар ҷомеа аз вазифаҳои асосии ҳар хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад.