Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.
Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.
Сӣ сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.
Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.
Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.
Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан, наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд, онро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишони зиндагии осудаву ороми хеш медонанд.
Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем.
Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.
Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.
Аз ин рӯ, мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватан бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!