Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Рақамикунонӣ – ин афзоиши маҳсулоти дохилии умумӣ, ҷойҳои нави корӣ ва роҳи қулайи ҳалли масъалаҳои сершумори маишӣ ва корӣ мебошад. Ҳама мехоҳанд, ки дар дилхоҳ қаҳвахона ё боғ аз Wi-Fi бархурдор бошанд, дар баландии кӯҳҳо ба якдигар аксу видео фиристанд, зери дасти худ барои интиқоли мобилии маблағҳо интернети босуръат дошта бошанд. Ҳеҷ кас барои пеш бурдани ҳаёт дар давлати замонавӣ бо технологияҳои рушдёфтаи рақамӣ зид нест. Лекин боиси таассуф аст, ки Тоҷикистон на ҳамеша ба чунин интизориҳо мувофиқат мекунад. Барои чӣ ҳолат чунин аст ва чӣ тавр метавон роҳи ҷумҳурии моро сӯи “рақам” вусъат бахшид?
Барои кишвар аламовар аст…
“Тоҷикистон дар рейтинги суръатҳои интернет мақоми охиринро соҳиб шуд”, “Тоҷикистон дар олами рақамӣ дар яке аз ҷойҳои охирин қарор дорад” – табиист, ки чунин сарлавҳаҳо боиси ифтихор нестанд. Албатта, муқоиса кардани давлатҳои Осиёи Марказӣ, масалан, бо Сингапур ё Дания дуруст нест. Ҳадди ақал бинобар сабабе, ки давлатҳои пешсафи рейтинг таърихи нисбатан тӯлонии давлатдорӣ дошта, буҷаҳо аз ҳисоби манбаъҳои комилан дигар ташаккул дода мешаванд. Дар баробари ин, чунин хусусиятҳои ҷуғрофӣ, ба монанди кӯҳҳои баланд, ки ба сохтмони инфрасохтори рақамӣ дар Тоҷикистон монеа мешаванд, ҷой надоранд. Лекин… ақибмонӣ хеле тассуфовар аст, ҳамин тавр не?
Ақидаи сокинони давлатҳои дигар дар бораи Тоҷикистон низ аз аҳамият холӣ нест. Масалан, баъзе ВАО чунин маълумоти афсонавиеро паҳн мекунанд, ки гӯё ба сайёҳон дар Тоҷикистон телефонҳои мобилӣ лозим намешаванд. Ин ба воқеият мувофиқат надорад: алоқаи овозӣ ва интернет дар ҳамаи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, дар иншоотҳои маъруфи туристӣ ва инчунин дар кӯҳҳои Помиру ҷамоатҳои дурдасттарин фаъол мебошанд. Лекин… бо чӣ сабабе рейтингҳои ҷаҳонӣ оид ба сатҳи рақамикунонӣ Тоҷикистонро ба охири рӯйхат ҷойгир мекунанд.
Чӣ кор анҷом дода шуд?
Алҳол вазъият дар кишвар духӯра мебошад. Аз як тараф, барои пешрафти рақамӣ ширкатҳои телекоммуникатсионӣ иқдомҳои зиёдро амалӣ кардаанд, ва ин корро пайваста идома медиҳанд. Аз тарафи дигар – бояд дар ин самт чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Чиро ба қатори дороиҳо аллакай метавон ҳамроҳ кард? Пеш аз ҳама, инфрасохтори хеле инкишофёфтаеро, ки барои истифодаи интернет дар тамоми кишвар имконият медиҳад. Шабакаҳо ҳарсола васеъ мешаванд. Масалан, дар соли 2023 танҳо яке аз иштирокчиёни бозори телекоммуникатсионӣ зиёда аз 500 пойгоҳи базавиро ба кор даровард ва ин дастрасии digital-хизматрасониҳоро то сатҳи назаррас баланд намуд. Инчунин соли сипаришуда пардохти ғайринақдии ҳамаи хизматрасониҳои давлатӣ ва QR-рамзи ягона ба кор дароварда шуданд.
Дар омади гап, вобаста ба рақамикунонии молия: Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, айни ҳол 7,5 млн. нафар дар кишвар ҳамёнҳои мобилиро истифода мебаранд – ин теъдод аз миқдори дорандагони кортҳои пластикии бонкӣ зиёдтар мебошад. Дорандагони кортҳо 6,4 млн. нафарро ташкил медиҳанд. Яъне аз хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ дар ин ё он шакл 75% сокинони кишвар истифода мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки сифати интернет баланд аст. Натиҷаи хеле хуб.
Агар рейтингҳои суръатҳои интернети мобилиро ба назар гирем, пас Тоҷикистон низ мунтазам мақомҳои худро дар ин самт беҳтар менамояд. Ин ҷо метавон тадқиқоти Speedtest Global Index-ро барои соли 2022, вақте ҷумҳурӣ якбора се зина боло рафта буд, ба ёд овард. Ин хеле мушкил аст, зеро барои тағйирдиҳии мақомҳо инфрасохтори алоқа ва аллакай чун натиҷа суръати дастрасӣ бояд дар миқёси тамоми кишвар такмилёфта бошад.
Лекин чаро бо вуҷуди кӯшишҳои пайвастаи доимӣ ва мунтазами операторони алоқаи мобилӣ, провайдерони ноқилӣ ва ташкилотҳои соҳавии давлатӣ ба Тоҷикистон муяссар намешавад, ки ба пешрафти назарраси рақамӣ ноил гардад – оё гап танҳо сари кӯҳҳо аст?
Чӣ кор ҳоло дар пеш аст
Се самти муҳимтарине мавҷуд аст, ки ба онҳо бояд диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад: инфрасохтор, кадрҳо ва саводнокии рақамии аҳолӣ.
Бо вуҷуди васеъмиқёс будани корҳои сохтмонии солҳои гузашта ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бисёр таҷҳизотҳои қаблан бакордаровардашударо истифода мебаранд, ки онҳо ба вазифаҳои нав мутобиқ нестанд. Масалан, ҳазорҳо пойгоҳҳои базавии стандартҳои 2G ва 3G. Ҳарчанд операторон ҳаракат мекунанд, ки онҳоро мувофиқи дархостҳои афзоишёбандаи истифодабарандагони интернет нав намоянд, лекин ивазкунии таҷҳизоти кӯҳна ба замонавӣ чораи ба маротиб дурусттар мебошад. Пойгоҳҳои базавии наслҳои нав бо қобилияти васеи гузариш фарқ карда, имкон медиҳанд, ки интернет бо суръатҳои баландтарин истифода карда шавад. Аз тарафи дигар ба масъала назар кунем, навкунии пурра миллиард-миллиард сармоягузориҳоро талаб мекунад. Бинобар ин гоҳ-гоҳ зарур меояд, ки нархҳои алоқаи мобилӣ ҳадди ақал як маротиба дар ду-се сол мавриди индексатсия қарор дода шаванд.
На танҳо пойгоҳҳои базавӣ бояд нав карда шаванд. Самоягузориҳоро инчунин мебояд ба бунёди DATA-марказҳои нав равона сохт, ин иқдом ба нақшаҳои ҳукумат ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба digital-хаби байналмилалӣ мувофиқ хоҳад буд. Гузаронидани хатҳои нахӣ-нурии магистралӣ, ки тариқи онҳо трафик интиқол меёбад, ва инчунин муосиркунонии ҷузъҳои асосии шабака низ бояд мавриди сармоягузорӣ қарор дода шаванд.
Ҳоло ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо назардошти ҳолати “шахшавии” сесолаи тарофаҳо чунин лоиҳаҳоро дар реҷаи сарфаи шадид амалӣ менамоянд. Лекин аёну равшан аст, ки барои беҳтар кардани шароитҳои тамоми аҳолӣ дар ҳама ҷою макон маблағи хеле зиёд зарур меояд.
Кадрҳо барои иқтисоди рақамӣ низ барои Тоҷикистон як мушкилии алоҳида мебошанд. Аммо ин мушкилӣ дар давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад, ҳамаи онҳо танҳо чанде пеш ба тартибдиҳии рӯйхати IT-мутахассисони худ шурӯъ карданд. Натиҷаҳо ҳам аллакай ҳастанд: масалан, замимаи аз ҳама зиёд боргиришаванда ва серимконияти ҶТ – моли маҳаллист. Лекин дар маҷмӯъ, талабот ба кадрҳо чун пешина баланд боқӣ мемонад. Омодакунии онҳо бошад, вақту маблағи зиёд тақозо мекунад.
Қайд кардан зарур аст, ки сокинони кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ҳоло дар бораи имкониятҳои “рақам” маълумоти кофӣ надоранд. Бале, 75% аҳолӣ ҳамёнҳои мобилиро истифода мебаранд – лекин дар баробари ин даҳҳо хизматрасониҳои дигари қулай барои ҳаёт ва тиҷорат мавҷуд мебошанд, ки дар бораи онҳо танҳо 20% шаҳрвандони Тоҷикистон маълумот доранду халос. Ин дар ҳолест, ки хизматрасониҳои мазкур ҳар ҷое, ки интернети босуръати мобилӣ мавҷуд аст, дастрас мебошанд.
Хуллас: бояд сармоягузориҳо ба шабака аз ҷумла аз ҳисоби индексатсияи тарофаҳо афзоиш дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои омӯзишӣ пеш бурда шаванд. Маҳз ҳамон вақт метавон воридшавии пурраро ба олами рақамӣ умед кард. Агар хоҳони ҳаёти беҳтар ва ифтихор аз кишвари худ бошем, мо бояд ҳатман ин корро анҷом диҳем.