Оид ба рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навид Хабарҳои Хадамот Ҳисоботҳои Хадамот

 

Оид ба рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№24, аз 12 феврали соли 2022

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ  аз 12 октябри соли 2022, №35/10-103, гузориши Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсинии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2022, №35/10-103(5) бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022, №24 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ, як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расониданд.

Мутобиқи банди 3 қарори мазкур, Хадамоти алоқа барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на  зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, то 15 феврали соли 2023 бояд чораҷӯӣ намоянд.

Ёдрас карда мешавад, ки баҳри гузаронидани ин чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ, зиёда аз панҷсад адад Марказҳои ба расмиятдарории воситаҳои алоқаи мобилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон фаъолият менамоянд. Дар муҳлати муқарраршуда азнавбақайдгирии ин шумораи муштариёни алоқаи мобилие, ки бо шиносномаи шаҳрванди ҶТ намунаи соли 1996 ба шабакаи мобилӣ пайваст ҳастан, дар ҳолати доштани шиносномаи нав (ID)  аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ иҷро карда мешавад.

Тавре маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои бақайдгирифташудаи (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ) истифодабарандагони алоқаи мобилӣ – 8 миллиону 138 ҳазору 081  рақамро ташкил медиҳанд, аз он ҷумла – 6 миллиону 375 ҳазору 368 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ширкатҳои мобилӣ  то ба имрӯз бо шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (ID корт)   – 6 миллиону 153 ҳазору 409 рақам симкортҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондоди азнавбақайдгирӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ – 69747  адад симкортҳоро дар бар мегирад.

Айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 1996 ба расмият дароварда шудаанд ва тибқи қарори мазкур аз нав бақайдгириро нагузаштаанд – 2 миллиону 016 ҳазору 581 рақам (аз ин фаъол –  886 ҳазору 323 рақам) мебошанд.

Мушкилии асосӣ ҷиҳати ба қайд гирифтани симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014  (ID корт) дар он аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қарори мазкур аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, ин надоштани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID корт)  ба ҳисоб меравад.

Инчунин бояд қайд намуд, ки ҶСП “Индиго Тоҷикистон”-Тселл, барои ҳавасманд намудани муштариёни худ оиди азнавбақайдгирии сим-кортҳои худ ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 як чанд иқдомҳоро пеш гирифтааст. Чунончи:

  1. Ба муштариёне, ки сим-кортҳои худро аз нав ба қайд мегиранд имконият дода мешавад, ки ройгон рақами худро ба рақами арзишманди зебо, яъне рақами дараҷаи “Нуқрагин” ройгон иваз намоянд.
  2. Муштариёне, ки рақами худро аз нав ба қайд мегиранд ҳамчун туҳфа 1000 Гб Интернет трафики ройгон пешниҳод мегардад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 фаъол мебошанд886 ҳазору 323 рақамро ташкил медиҳанд.

 

 

Бо назардошти гуфтаҳои боло ҷиҳати самарнок иҷро намудани қарори мазкур мебоист, ки пешниҳодҳои мазкур ба инобат гирифта шаванд:

Барои масъулиятро ҳис намудани шаҳрвандон ба онҳо паёмак бо мундариҷаи зеррин фиристода шавад: ”Агар дар мӯҳлати 1 (як) моҳ аз лаҳзаи омадни паёмак симкортҳоро аз нав бо шиносномаи намунаи соли 2014 (ID) ба қайд нагиред, симкорти Шумо хомӯш карда мешавад”;

Ҳамзамон, Хадамоти алоқа тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №36/10-128 (5), аз 06 августи соли 2021 бо мақсади дар сатҳи дахлдор ва муқарраршуда иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон№103, аз 14 феврали соли 2020, Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ, баҳри баррасӣ ва вусъат бахшидани чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ, супоришҳои дахлдор  ирсол намудааст.

Ҳамчунин, ба Ширкатҳо зарур аст, ки  таъҷилан, тибқи талаботи Тартиби мазкур паёмакҳоро оид гузаронидани ин чорабиниҳо ба муштариёни ширкати худ равон намуда ва такрори ирсоли паёмакҳоро дар як ҳафта як маротиба, то ба анҷом расонидани муҳлати Тартиб, таъмин  намоянд. Аз рафти иҷроиши қарори дар боло зикргардида ҳар моҳа ба Хадамоти алоқа ҳисоботи муфассал пешниҳод карда мешавад.