Насби батареяҳои нав дар ПБ «Қашқарак» ва “Карсанг”-и ноҳияи Файзобод
ҶСП «Вавилон-Мобайл» корҳои таъмиру навсозиро дар Пойгоҳҳои базавии «Қашқарак» ва «Қарсанг»-и ноҳияи Файзобод ба анҷом расонид. Дар рафти ин корҳо пойгоҳҳо бо батареяҳои нави муосир пурра ҷиҳозонида шуданд, ки ин самараи кори пойгоҳҳоро хеле баланд бардошт. Инчунин ҳарду пойгоҳ ба таври иловагӣ бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Як ҷанбаи муҳими кори ширкат таъмини муштариён бо алоқаи баландсифат ва Интернет мебошад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҶСП «Вавилон-Мобайл» беш аз 200 пойгоҳҳои базавиро дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ таҷдиду навсозӣ кард. Дар натиҷа аккумуляторҳои вайроншуда бо батареяҳои нави ҳозиразамон иваз карда шуданд, ки ин сифати хизматрасонии пойгоҳҳоро хеле беҳтар кард.
Таъмини пойгоҳҳои базавӣ бо батареяҳои нав ва манбаъҳои алтернативии энергия имкон медиҳад, ки онҳо ҳатто дар шароити маҳдуди таъминоти барқ пайваста кор кунанд. Ин, дар навбати худ, алоқаи боэътимод ва дастрасии интернетро барои муштариён кафолат медиҳад, ки барои ширкат афзалият дорад.