Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми сеюми марказҳои зеҳнии «Чин – Осиёи Марказӣ» иштирок намуд
21-22 сентябр дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Форуми сеюми марказҳои зеҳнии «Чин – Осиёи Марказӣ» доир гардид, ки дар он аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муассисони ин қолаб ба ҳисоб меравад, директори Марказ Хайридин Усмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ хабар додааст.Форуми мазкур таҳти унвони «Муттаҳидсозии кӯшишҳо баҳри эҷоди ҷомеаи ба ҳам наздик ва дорои сарнавишти муштарак барои Чин ва Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, иштирокчиёни он асосан дар бораи тавсеаи ҳамгироӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шароити гуногунии фарҳангию тамаддунӣ ва роҳҳои ташкили ҷомеаи дорои сарнавишти муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Хайридин Усмонзода дар мавзуи «Нақши равобити марказҳои таҳлилӣ дар таҳкими ҳамкории созанда дар Осиёи Марказӣ» сухан гуфта, ҷойгоҳи пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои таҳлилӣ, мубодилаи афкори пайваста байни коршиносону пажуҳишгарони масоили сиёсию иқтисодӣ ва амниятиро дар тақвияти ҳамгироӣ байни давлатҳои минтақа ва Чин ва таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим арзёбӣ намуд.
Дар форум зиёда аз 100 олим ва коршиноси варзида иштирок намуд.
Дар ҳошияи форум мулоқоти директори Марказ бо директори Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сун Чжуанжи доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин сухан гуфта, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду давлатро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дошта, минбаъд низ таҳти роҳбарии сарварони ҳар ду давлат равобити дуҷониба ва сатҳи бовариву эътимод такони бештар хоҳад ёфт.