ИНТЕРНЕТҚАЛЛОБ Ё ФЕЙК ЧУН ЗУҲУРИ НАБАРДИ ИТТИЛООТӢ

Ахбороти технологияҳо Навид СМИ дар бораи ТИК

ИНТЕРНЕТҚАЛЛОБ Ё ФЕЙК ЧУН ЗУҲУРИ НАБАРДИ ИТТИЛООТӢ

Фейк аз забони англисӣ гирифта шуда, маънояш қалбакӣ, дурӯғ аст.  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле машҳур шуда дар ҳамоҳангӣ бо вожаҳои фейс ва фейсбук дар он ҷо серистеъмол аст. Вожаи фейк дар забони тоҷикӣ ба тозагӣ (2-3 сол шуд) ворид шуда, баҳсҳои гармеро низ ба вуҷуд овардааст. Дар забони англисӣ фейк ғайр аз маънои “қалбакӣ” ҳамчунин маънои фиреб, љаълӣ, тақлидро низ дорад. Бо шунидани ин истилоҳ фавран чизи сохтаву қалбакӣ пеши рӯ меояд.  Имрӯзҳо чизи қалбакӣ дар ҳама ҷо вуҷуд дорад – дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва дар ҳаёти воқеӣ. Ҳамаи ин маъниҳоро ба инобат гирифта месазад, ки фейкро ба тоҷикӣ “интернетқаллоб” ё фиребгари интернетӣ гӯем.

Пештар мактубҳои беимзо (анонимкаҳо) фаъол буданд, ки дар солҳои репрессияи сталинӣ кори худро карданд. Надоштани оқибати ҳуқуқӣ ва бемасъулиятӣ анонимкаҳоро хеле “ҷасур ва нотарс” карда буд. Дар ин миён ғаразкорон тавассути анонимкаҳо аз душманони худ интиқом гирифта, ба туҳмату буҳтон машғул шуда, садҳо нафарро ба зиндону бадарға ва ҳатто қатл равона кардаанд. Яъне, дар мо фейк пештар низ вуҷуд дошт, ки собиқаи хубе надорад.

Ба таври пинҳонӣ паҳн намудани варақаҳои гуногун дар шакли газетаҳо дар мавзӯъҳои мухталиф низ як навъ фейки матбуотӣ аст. Варақаҳое, ки чун газета бо номҳои мустаор паҳн карда мешуданд, низ як навъи фейканд.

Фейкҳои телевизионӣ ва радиоӣ низ мавҷуданд, ки аз тарафи созмону гурӯҳҳои махсус роҳандозӣ шудаанд. Шабакаҳои телевизионие, ки дар анкабути ҷаҳонӣ бо номи “телевизионҳои фейкии вики” машҳуранд, мавҷудияти ононро тасдиқ мекунад. Ибтидои ташаккулёбии фейки телевизионӣ барномаҳои шабеҳи “Маска”-и шабакаҳои ТВ-и Русияро номидан мумкин аст, ки зери баҳонаи бехатарии муштарӣ роҳандозӣ мешаванд. Дар ин ҷо ном, овоз, сурати муштарӣ тағйир дода мешавад. Фаъолияти чунин фейкҳо дар ҷангҳои иттилоотӣ пурсамар аст!

Дар набардҳои муосири иттилоотӣ созмону гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манъшуда аз фейкҳои радиоӣ, телевизионӣ ва интернетӣ истифода мебаранд. Ҳукуматҳо, мақомотҳо низ бо истифода аз фейкҳои муқобил дар баробари чунин фейкҳо муборизаи густурда мебаранд. Махсусан дар ҷаҳони виртуалӣ ин муборизаҳо бо иштироки хонандагони зиёд аз ду тараф моҳияти асосии ин набардҳоро нишон медиҳад.

Вожаи дигаре, ки ҳоло дар забони мардум нест ин “Флог” мебошад. Флог –  ин  публикатсияҳои фармоишӣ дар интернет ва блогҳои қалбакӣ мебошад. Оянда шояд ин вожа низ серистифода шавад (Худо накунад!), аз ин рӯ овардани он аз аҳамият холӣ нест. Сомонаи қалбакӣ ё блоги қалбакиву сохта барои пурсамартар кардани мақсадҳои ҳизбиву гурӯҳӣ созмон дода мешаванд. Масъулияти чунин сомонаҳоро касе ба гардан гирифтан намехоҳад. Он барои фитнаи бузургтаре омода мешавад!

Яъне, фейк шакли дигари ҳамон анонимҳо дар ҷаҳони виртуалӣ мебошад.

Фейк бо сабабҳои зерин кушода мешавад:

  1. Шахс намехоҳад бисёр маълумот ва иттилоотро аз номи аслии худ диҳад;
  2. Аз чизе тарс дорад;
  3. Намехоҳад бо номи аслиаш баромад кунад;
  4. Аз фейкҳои муқобил интиқом гирад;
  5. Дашному ҳақоратҳоро бе малол истифода барад;
  6. Сурат ва видеоҳои фаҳшро бемалол дар шабака партояд;
  7. Масъулият надошта бошад ва аз оқибатҳои ҳуқуқии амалаш бепарво бошад.

Моҳият ва зарарҳои фейк

Маълумотҳое, ки фейк паҳн мекунад, зери “паёмҳои муътамад”, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон таъсир расонда, ба моликият, вайроншавии тартиботи оммавӣ, ҷамъиятӣ ва ё амнияти ҷамъиятӣ дахолат карда, ба фаъолият ё қатъи фаъолияти иншооти таъминоти ҳаётан муҳим, мисли нақлиёти ҷамъиятӣ, инфрасохтор, ташкилотҳои қарзӣ, энергетика, саноат ва коммуникатсия  таҳдид мекунад.

Ба ғайр аз ин маълумоти бардурӯғи фейк ба шахс зарари равонӣ-психологӣ расонида, метавонад ӯро аз фаъолияти аслии корӣ берун кунад. Маълумоти фейк агар ба ҳаёти шахсӣ оилавӣ ва дигар сирҳои шахсӣ дахл дошта бошад, метавонад ба оқибатҳои ногувори худкушӣ оварда расонад. Зарари равонии онро бо пул ҳисоб кардан ғайримкон аст.

Дар зери ниқоби фейк метавонад ғаразҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, ҷиноятӣ, маҳалгароӣ, миллатчигӣ, нажодпарастӣ пинҳон карда шавад.

Фейк аз он ҷиҳат, ки тавассути сурат ё видеои пинҳонӣ ҷинояткорро фош мекунад ё дар корҳои тафтишотӣ тавассути сурату видеои партофташудаи ин фейк мақомот ҷинояткорро фош ва зиндон мекунад, аҳамият дорад. Аммо аз он ҷиҳат, ки фейк дар тарҷумаи тоҷикӣ интернетқаллоб аст, наметавон онро аҳамият номид! Дигар дар фаъолияти ҳаррӯзаи фейк ягон ҷиҳати мусбат нест! Зеро чизе ки мусбат аст, зарурати бо фейк амалӣ шуданаш нест!

Адабиёт

  1. Артемов В., Семенов В. Би-Би-Си: История, аппарат, методы радиопропаганды. – М.: Искусство, 1978. – 256 с.
  2. Усмонов И. К. Воситаҳои ахбори омма ва сиёсати хориљии Тољикистон.- Душанбе: Сино, 2003.- 64 с.
  3. Шевчик Е.В. Радиодиверсанты. – Минск: Белорус, 1980. –  127 с.
  4. Муқимов М. «Озодӣ» – зодаи ҷанги сард./Боли сухан.- Душанбе: Сино, 2004. – С. 63-66.
  5. 17. Муқимов М. Радиои BBC дар Ҷанги дуюми ҷаҳон. /Меваи истиқлол. – Душанбе, 2006. -С. 26-30.
  6. Ҷовид Муқим. Сиёсат ва љанги иттилоотӣ.- Душанбе: Деваштич, 2006.- 71 с.
  7. Техника дезинформации и обмана. – М.: Мысль, 1978.- 246 с.

Исматов С.М. – дотсенти кафедраи услубшиносӣ

ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ

Бознашр аз https://journalism.tnu.tj/