Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо мудири кулли  Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон

Навид Хабарҳои Хадамот

Мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа бо мудири кулли  Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон

Дар ҳошияи сафари  расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони  вазирони Туркманистон доир шуд.

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чакиев Мамметхан, мудири кулли Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони  вазирони Туркманистон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахшҳои алоқа ва коммуникатсия баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот  зикр гардид, ки зарфиятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои алоқа ва коммуникатсия миёни ду кишвар фаррох буда, густариши робитаҳо  манфиати дуҷониба дорад.  Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариш ва рушди мунонисбатҳои дуҷониба иброз дошта, доир ба нақшаи ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд.