Операторони алоқаи мобилӣ мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуданд

Навид

Операторони алоқаи мобилӣ мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуданд

Дар ноҳияи Данғара мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ баҳри дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.  Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа операторони мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, Tcell,  Zet-Moиile ва  “Babilon-M” ба сифати шарики рақамӣ чорабиниро бо интернети босуръати мобилӣ таъмин намуданд.

Ба мусобиқаҳо зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, АМА, Русия, Туркия ва Ӯзбекистон иштирок намудан. Ҳамаи иштирокчиён имкон доштанд, ки интернети мобилиро аз операторони мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, Tcell,  Zet-Moиile ва  “Babilon-M”  бо суръати зиёда аз 55 Мб/с истифода намоянд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ташаббуси Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабуки Тоҷикистон ва клуби республикавии парвоз бо дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Дипсервис”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида буд

Ёдовар мешавем, ки операторони алоқаи мобилӣ  дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа пайваста дар чорабиниҳои гуногунсамти ҷуҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд,  ба сифати шарики рақамӣ  саҳм мегузоранд.