МегаФон Тоҷикистон мақоми пешсафро дар Хатлон соҳиб гардидааст
Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон чорабиниро бахшида ба гузаштан ба бинои нав баргузор намуд. Бинои нави зебову барҳаво дар худи маркази шаҳри Бохтар – дар хиёбони Борбад, 1А ҷойгир аст. Дар маросими ифтитоҳи он сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников иштирок доштанд.
Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон – яке аз воҳидҳои асосӣ дар сохтори МегаФон мебошад. Дар давоми 12 соли фаъолияти худ оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар вилояти Хатлон беш аз 400 истгоҳи базавӣ сохтааст, ки нисфи онҳо стандарти 4G-ро бо суръати баланди дастрасӣ ба интернет таъмин менамоянд. Муштариёни ширкат беш аз 500 ҳазор сокини минтақа буда, 300 ҳазор нафарашон истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ мебошанд. Барои хизматрасонӣ ба мизоҷон бузургтарин шабакаи хизматрасонӣ дар минтақа, ки зиёда аз 130 марказҳои хизматрасониро дар бар мегирад, роҳандозӣ шудааст.
Лоиҳаҳои иҷтимоии оператор дар минтақа низ миқёси хос доранд. Ҳамин тавр, соли гузашта ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар консертҳои калони идона ташкил карда шуданд. Дар радифи дигар лоиҳаҳои бузург, мусобиқаи футболи кӯдакони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст», курсҳои саводнокии интернет барои сокинони ҷамоатҳо, дарсҳои маҳорат барои донишҷӯён ва мактаббачагони ҳавасманд ба ТИ ва технологияҳои нави рақамӣ баргузор гардиданд.
МегаФон Тоҷикистон, бо мақсади боз ҳам наздиктар шудан ба мизоҷон, идораи раёсати минтақавиро дар шаҳри Бохтар ба ҷои нав кӯчонд. Акнун пайдо кардани он хеле осонтар гардида, дар дохили он барои меҳмонон фазои бароҳат муҳайё карда шудааст.
«Ҳоло давраи нави тараққиёти мо дар вилоят оғоз ёфт. Дар шаҳри Кӯлоб намояндагӣ кушода шуд, дар ҷамоатҳо шумораи толорҳои фирмавӣ афзуда истодааст. Бештари сокинони Хатлон бо пайваст шудан ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ба мо эътимоди худро нишон медиҳанд. Ба маркази шаҳри Бохтар кӯчонидани идораи асосӣ, ки дар он кор бо мизоҷон ва шарикон метавонад ба сатҳи нав бардошта шавад, тасмими муносиб ба ҳисоб меравад. Ҳамаро дар хиёбони Борбад, 1А интизорем! – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.
Идораи нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 кор мекунад. Шанбе ва якшанбе – рӯзҳои истироҳат.