«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа мекунад
Мизоҷони нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро пайваст намуданд, метавонанд то 60 ГБ туҳфа гиранд. Агар трафики ба бастаи асосии хизматрасониҳо дохилшуда кифоя набошад, фаъол кардани ҳаҷми иловагии интернет осон аст ва онро шаш маротиба истифода бурда мешавад.
Иқдоми «Ба шабака пайваст шуда, трафики интернети бештар ба даст биёр» дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷараён дорад. Шарти асосӣ ин аст, ки ҳангоми хариди симкорт дар идораҳои алоқа ва толорҳои фирмавии оператор бояд тарофаи “Биё! Бисоз Life “ интихоб карда шавад. Пардохти асосии абонентӣ барои тарофае, ки 10 ГБ интернет, белимити шабона, зангҳо дар дохили шабака ва 50 дақиқаро ба дигар шабакаҳои ҶТ дар бар мегирад – 49,57 сомониро барои 30 рӯз ташкил медиҳад.
Агар ҳаҷми асосии интернет то анҷоми давраи 30-рӯзае, ки барои он пардохт ситонида мешавад, сарф гардад, пас трафики иловагии туҳфавӣ муфид хоҳад буд. Барои идомаи фаъолият ва муошират дар шабакаи ҷаҳонии интернет, иштирокчии иқдом танҳо бояд тарофаашро аз нав пайваст кунад. Баъд аз ин, муштарӣ боз аз 5 то 10 ГБ мегирад. Муҳлати амали трафики иловагӣ ба муҳлати бастаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар тарофа аз 1 май фаъол шуда бошад, трафики туҳфавиро то 30 май истифода бурда метавонем.
Барои мустақилона аз нав пайваст кардани тарофа амалҳои зеринро иҷро намудан лозим аст:
- боргирии замимаи мобилии «МегаФон Life» тариқи суроғаи https://life.tj;
- кушодани замима ва дар саҳифаи асосӣ пахш кардани қисми “Тарофаи ман”;
- интихоб кардани сатри «Муфассал» ва пахши тугмаи «Аз нав пайваст карда шавад».
Инчунин, барои азнавпайвасткунии тарофа ва фаъол кардани трафики интернети туҳфавӣ метавонед ба идораҳои хизматрасонии ширкати “ МегаФон Тоҷикистон” муроҷиат намоед.
Ҳаҷми иловагии интернетро дар давоми ним сол ё бо фосила шаш маротиба истифода бурда мешавад. Ин ба эҳтиёҷоти муштарӣ вобаста аст. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ муштарии нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз 30 то 60 ГБ интернети ройгон ба даст меорад. Хотиррасон менамоем, ки барои гирифтани ҳамаи шаш бастаи иловагӣ бояд маблағи пардохти абонентии тарофаи «Биё! Бисоз Life ” пардохт карда шавад.
Ҳаҷми трафики муштариёни нав дар доираи иқдом аз минтақа вобаста аст. Ҳудуди фаъолияти бастаи иловагӣ низ аз он муайян карда мешавад, ки муштарии нави оператор дар куҷо ба шабака пайваст шудааст. Тафсилот дар ҷадвал оварда мешавад.
Тарофаи “Биё! Бисоз Life”-ро интихоб карда, бидуни зиёдкунии пардохти абонентӣ то ду маротиба бештар трафики интернет ба даст оред!