МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти озодро бо  Артемий   Лебедев  доир менамояд

Навид

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти озодро бо  Артемий   Лебедев  доир менамояд

Рӯзи 3 ноябр яке аз дизайнерони  маъруфи Русия ва ИДМ, блогер  бо миллионҳо тамошобин ва соҳибкори муваффақ Артемий Лебедев бори нахуст  бо намояндагони самтҳои   тиҷоратии Тоҷикистон мулоқот менамояд.   Вай аз асрори пешбурди тиҷорат ҳарф зада,  ба саволҳои меҳмонон дар шакли муколамаи мустақим ҷавоб  медиҳад. Чорабинии мазкурро ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ташкил менамояд.

Артемий Лебедев «марди бренд» ба ҳисоб рафта,   берун аз ҳудуди Русия низ шуҳрат дорад.   Студияи ӯ ҳазорҳо лоиҳаи барҷаста дошта, аз тарҳи рамзи Москва то намои  мактабҳои русзабони Тоҷикистонро фаро мегирад.   Чӣ гуна бояд тиҷорати муваффақро   дар асоси кашфиётҳои эҷодӣ бунёд кард, чӣ тавр метавонем  ба шахси дорои  нуфузу эътибори хос ва қобили таваҷҷуҳи  доираи васеи шунавандагон  табдил ёбем,  чӣ гуна бояд бо мизоҷони  хусусӣ ва давлатӣ гуфтушунид кард – хуллас Артемий оид ба ҳамаи ин  дар вохӯрие, ки дар  толори  Суруш баргузор мегардад,  сухан мегӯяд.

«Ба мо  ҷасорати эҷодӣ ва дилбастагӣ   ба навовариҳо, ки ба  Артемий Лебедев хосанд, наздик мебошанд.  Вай медонад, ки чӣ гуна метавонем истеъдоди худро ҳам  «рақамӣ»   кунонем ва ҳам ба манбаи фоида табдил диҳем.  Аз ин рӯ, боварӣ дорам, ки суҳбат  бо ӯ ба ҳар як иштирокчӣ  илҳомбахш буда,  барои дарки беруншавӣ  аз  доираҳои муқаррарӣ ва ба даст овардани муваффақияти бештар  кӯмак менамояд.  Бо камоли итминон гуфа метавонам, ки мо як чорабинии барои Тоҷикистон ҷолибу нодирро   интизорем», – мегӯяд директори иҷроияи ширкати   «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

Чиптаҳоро барои   вохӯрӣ бо Артемий Лебедев тавассути замимаи  мобилии «МегаФон Life»  дар қисми  «Таблиғот», тариқи  интихоби  чорабинии  «HiBrand Tajikistan 2023»,  харида метавонед.   Нархи чипта  – 200 сомонӣ.