МегаФон Тоҷикистон: алоқаи боэътимод – дар дилхоҳ боду ҳаво
Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар зиёда аз ним ҳазор иншооти алоқа системаи идоракунии дурдасти мониторинги дастгоҳҳои дизелӣ-генераторӣ (ДДГ)-ро, ки барои таъмини таҷҳизот бо нерӯи барқ истифода мешаванд, озмоиш кард. Баландбардории самаранокии назорат дар баробари истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки муштариёнро пеш аз ҳама дар сурати қатъшавии кӯтоҳмуддати барқ бо алоқа таъмин намояд.
Аксари пойгоҳҳои базавии ширкат (ПБ) дар манотиқи дурдасти кӯҳистон ва дур аз хатҳои интиколи барқ ҷойгир шудаанд. Ҳатто дар шаҳрҳо лозим меояд, ки манбаъҳои иловагии нерӯ истифода бурда шаванд, то таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ дар сардиҳои шадид, ҳангоми боридани барф ва ё дар ҳолати қатъи садамавии шабакаҳои берунии барқ кор кунанд. Зиёда аз нисфи минтақаҳои пойгоҳҳои базавии оператор бо таҷҳизоти дизелӣ таъмин карда шудаанд. Дар ҳар пойгоҳи даҳум панелҳои офтобӣ ва генераторҳои бодӣ насб карда шудаанд. Ҳамчунин барои кори бефосилаи алоқаи ширкат дар пойгоҳҳои базавӣ (ПБ) батареяҳои аккумуляторӣ истифода мешаванд.
Эътимоднокии шабака тавассути системаи нави мониторинг, ки ҳамчунин барои дастраскунии маълумот дар бораи миқдори сӯзишвории дастгоҳҳои дизелӣ аз фосилаи дур имкон медиҳад, баланд бардошта шавад. Таҳияи муҳандисони «МегаФон Тоҷикистон» – лоиҳаи пуркунӣ ва назорати истеъмоли сӯзишворӣ дар реҷаи санҷишӣ аллакай дар 18 пойгоҳи базавии шаҳри Душанбе ва Навоҳии тобеи марказ (НТМ) амалӣ карда шудааст. Қаблан барои тафтиши миқдори сузишворӣ дар генератори дизелӣ ягона роҳ вуҷуд дошт – шахсан ба майдони пойгоҳи базавӣ омадан. Аммо он на ҳамеша натиҷаи хуб медод: дар сурате, ки агар барқ қатъ нашуда бошад, пас то лаҳзаи омадани муҳандисон зарурат ба пурра кардани миқдори сӯзишвории таҷҳизот ба миён намеояд. Акнун маълумот ба таври худкор қабул карда мешавад. Ин ба мутахассисон имкон медиҳад, ки дар хусуси пур кардани сӯзишворӣ ё баръакс, худдорӣ аз боздиди назоратӣ аз пойгоҳи базавӣ (ПБ) қарор қабул кунанд.
“Мо нақша дорем, ки ин таҷрибаро дар саросари кишвар густариш диҳем. Мо интизорем, ки системаи нави мониторинг махсусан дар фасли зимистон – ҳангоме барфтудаҳо роҳро то ба мавзеъҳои кӯҳистон мушкил мекунанд, таъсири назаррас хоҳад дошт. Таъмири нақшавии техникии таҷҳизоти дизелӣ, яъне иваз кардани равған ва маҷмӯи филтрҳо бояд ҳар 300 соат анҷом дода шавад. Агар дизел истифода нашавад ва қувваи барқ аз хатҳои барқ интиқол ёбад, метавон фосилаи байни боздидҳои муҳандисонро аз иншоот зиёд намуд. Аммо дар баробари ин, ҳадафи асосӣ бетағйир боқӣ мемонад: 24 соат дар дилхоҳ боду ҳаво муштариёни мо бояд дар тамос бошанд”, – мегӯяд Рафил АГЛЯМОВ, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Оператор инчунин ба нақша гирифтааст, ки насби генераторҳои дизелӣ ва батареяҳоро дар иншооти алоқа дар саросари кишвар идома бахшад. Дар ояндаи наздик барои майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ (ПБ) садҳо батареяҳои аккумуляторӣ, ки кори мустақили воситаҳои алоқаро ҳангоми маҳдудиятҳо ва/ё қатъи садамавии нерӯи барқ вусъат мебахшанд, харидорӣ карда мешаванд.