“МегаФон Life” қабули фикру мулоҳизаҳоро оид ба сифати алоқа оғоз намуд
Дар замимаи мобилии “МегаФон Life” замимаи “Хоҳишу дархостҳо барои такмили сифати алоқа” пайдо шуд. Акнун муштариён имкон доранд, ки вобаста ба такмили сифати хизматрасониҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хоҳишу дархостҳои худро гузоранд. Қайди дақиқи маконе, ки дар он мизоҷони оператор бештар бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, имкон медиҳад, ки мушкилӣ зудтар ва бо самараи бештар ҳал карда шавад.
Оператори имкониятҳои нави рақамӣ дорои якчанд шабакаи иртибот бо муштариён мебошад. Хоҳишу дархостҳои худро вобаста ба такмили сифати алоқа метавон дар идораҳои хизматрасонӣ, тавассути чати сомонаи расмӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуд. Лекин бисёри муроҷиатҳо “хусусияти умумӣ” доранд, мутахассисони техникӣ бояд оид ба маконе, ки дар он бояд суръати интернет баланд бардошта, сифати алоқаи овозӣ беҳтар карда шавад, маълумоти то ҳадди имкон дақиқ ва пурра дошта бошанд. Функсияи нави замимаи “МегаФон Life” ин вазифаро ба иҷро мерасонад.
“Дар минтақаҳо бо сохтмонҳои зич, ки миқдори зиёди пойгоҳҳои базавиро дар бар мегиранд, донистани нишониҳои ҷои дорои мушкилдор бо дақиқияти пурра зарур меояд. Дар “МегаФон Life” система ба таври автоматӣ макони қароргириро тариқи GPS муайян менамояд, ин маънои онро дорад, ки имкон ҳаст муайян карда шавад, ки гузаронидани кадом корҳо дар шабака зарур меояд ва маҳз дар куҷо онҳо бояд гузаронида шаванд. Ин имкон медиҳад, ки корҳо зудтар анҷом дода шаванд”, – мегӯяд роҳбари шуъбаи инфрасохтори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Фирдавс ИЛЁСОВ. гузаронидан имконпазир аст.
Гузоштани фикру мулоҳизаи худ дар қисми “Боз ҳам”, ки дар он банди феҳрист бо номи “Хоҳишу дархостҳо барои такмили сифати алоқа” пайдо шуд, имконпазир аст. Дар он муштарӣ қайд мекунад, ки маҳз дар истифодаи чӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст – алоқаи овозӣ ё интернет. Маълумоти боқимондаи ба мутахассисони техникӣ зарурӣ, ба таври автоматӣ ба қайд гирифта мешавад – ин, бахусус, макони қароргирӣ, вақти дақиқи муроҷиат ва намуди телефони муштарӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин дар реҷаи автоматӣ система мизоҷро оид ба рафти ҳалли масъала хабардор мекунад. Истифодабарандагони замимаи “МегаФон Life” ёварони беҳтарини муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хоҳанд шуд.