Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро имзо намуданд.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сохтмон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
— Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон
— Ёддошти тафоҳум миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот;
— Ёддошти ҳамкорӣ миёни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли”;
— Ёддошти тафоҳум миёни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати миллии атомии “Казатомпром”;
— Ёддошти ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Сарвари давлати мо аҳамияти таърихии имзои «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро махсус таъкид карда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд.”