МАНБАИ САРСАБЗИВУ ШУКУФОӢ ВА ПОЙДОРИИ ОЛАМ. Нақши Президенти Тоҷикистон дар ҳифзи об беназир аст
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон доир ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар доираи он 21 марти ҳар сол таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббуси барои сайёра муҳим ва саривақтӣ ҷонибдорӣ пайдо менамояд. Натиҷаҳои самаранок чунин аст, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Чунин изҳор намудааст узви комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Усмонзода доир ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид бa Шaрҳи фaрогири миёнaмуҳлaти ҳaдaфҳои Дaҳсолaи бaйнaлмилaлии aмaл «Об бaрои рушди устувор», солҳои 2018-2028. Дар зимн матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон мегардад.
— Воқеан об манбаи энергия буда, қувваи пешбарандаи тараққиёти иқтисодӣ ва омили боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум маҳсуб мешавад. Инчунин сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Об барои инкишоф ва ташаккули организми ҳар шахс нақши калидӣ дорад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз ин неъмати бебаҳо истифода мекард ва дар оянда низ истифода хоҳад кард. Об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро ба об вобаста кардаанд. Имрӯз қариб аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра аз норасоии оби тозаи нӯшиданӣ танқисӣ мекашад. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705 км² мавҷуд буда, 73 % кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой аз сатҳи баҳр дар баландии аз 3500 то 5000 метр ҷойгир шудаанд. Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст, беш аз 2 млрд нафар имрӯзҳо норасоии шадиди ин неъмати бебаҳои табиатро эҳсос менамоянд. Наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо кард, ки дар он масъалаи истифодаи самараноки манбаъҳои об, ҳифзу нигаҳдории он мувоҷеҳи мушкилот нагардида бошад.
Имрӯз ҳар тоҷикистонӣ бояд ифтихор аз он намояд, ки дар баробари устуворгардонии пояҳои давлати миллӣ Тоҷикистон ва Президенти мамлакат ҳанӯз аз соли 2000 талоши худро барои ҳифзи иқлим ва об оғоз карда буданд. 17 марти соли 2003 Президенти мамлакат дар Анҷумани ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти истифодаи оқилонаи об, ки дар шаҳри Киотои Ҷопон баргузор гашт, нутқи пурмуҳтаво намуда, бори дигар манбаи ҳаёт ва беҳтарин муъҷизаи табиат будани обро ёдовар шуданд. Баъдан, дар доираи ин даҳсола инчунин ибтикори Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкории об, ҳамчунин дигар ибтикорот, аз ҷумла Соли байналмилалии санитария дастгирии ҳамаҷонибаи худро ёфт.
Пешниҳоди эълон доштани солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» низ дастгирӣ ёфт. 22 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 190 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Ҳадаф аз эълони даҳсолаи нав бо андешидани тадбирҳо ва кӯшишҳои нав баҳри ҳалли масоили марбута ва мушкилоти ҷойдошта идома бахшидани даҳсолаҳои сипаригардида ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, зиёда аз 4 маротиба бо ибтикори Пешвои миллат чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили беҳдошт ва захираҳои оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт.
Бар замми ин бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланд доир ба масоили оби нӯшокӣ, аз қабили Шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар моҳи июни соли 2010, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об моҳи августи соли 2013 ва Конфронси байналхалқӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» моҳи июни соли соли 2015 гувоҳи гуфтаҳои болоянд, ки ба иҷрои даҳсолаҳои эълонгардида мисол шуда метавонанд.
Сарвари давлати мо зимни баргузории конфронси мазкур иброз дошта буданд, ки нархи об дар ҷаҳон аз нархи нафту газ боло меравад. Оре, ин пешниҳоду таъкидҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон беҳуда набуда, балки ба аҳли башар нигаронида шудаанд. Зеро об омили муҳими ҳаёт дар сайёраи Замин ба шумор меравад. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллион нафар одамон аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд. Аз ҳисоби нӯшидани оби ҷавобгӯнабуда ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ беш аз 5 миллион нафар вафот мекунад ва 3 миллион оламиён ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд. Инчунин зиёда аз 3 миллиард мардум аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд. Сол то сол дар кураи Замин ҳаҷми обҳои ошомиданӣ коҳиш меёбад ва захираҳои об нисбатан кам гардида истодааст.
Ҳамагон медонанд, ки дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз он дар мамлакат «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул шудааст. Барои амалан роҳандозӣ шудани чунин барнома 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, илова бар ин, лоиҳаи омӯзиши пиряхҳо мавҷуд аст. Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати татбиқ намудани он дар ҳаҷми 10 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст. Ба иттилои манбаъҳои соҳибнуфуз, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудааст.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки тақрибан 8 дарсади масоҳати умумии мамлакатро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Википедия мавҷудияти 8492 адад пиряхро дар марзи Тоҷикистон эътироф кардааст, ки масоҳати умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дар бар мегиранд. Яъне обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ҳамин маъноро дорад, ки хушксолиҳо ва норасоии оби ошомиданӣ дар ояндаи наздик мушкилии рақами яки башар мегардад. Бешубҳа, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Ҳамзамон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии давлати мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозандаи одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки «мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем».
Бояд гуфт, ки беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ ба об вобаста буда, тағйирёбии иқлим ин вазъиятро бадтар мекунад. Талаботи башарият ба об дар ҳоли афзоиш аст ва тибқи пешбиниҳо, то соли 2050 ниёз ба оби тоза беш аз 40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Тоҷикистон беш аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои марбут ба захираҳои обро ба рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад.
Конфронси навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об соли 2024 дар Душанбе баргузор мешавад. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон боиси нигаронӣ аст. Гарчанде кӯлу обанборҳои мамлакати мо аз лиҳози обҳои мусаффо ғанӣ ҳам бошанд, ин ҳама бори дигар моро водор месозад, ки нисбат ба захираҳои беназири табиат ғамхорона рафтор намоем.