Маълумотномаи пешакӣ оид ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”,“Дар бораи алоқаи почта”, Низомнома “Дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, №252 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд.
Мутобиқи нишондодҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ бармеояд, ки дар ин давра аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ ба маблағи 2 миллиарду 077 миллиону 773 ҳазору 788 сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, (1 миллиарду 900 миллиону 982 ҳазору 423 сомонӣ), 9,3 фоиз зиёд шудааст.
То ин давра субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 73 ададро ташкил намуда бо 208 адад намуди мухталифи иҷозатномаҳои хизматҳои алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд. Дар умум 125 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва 160 адад сертификатсияи мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудааст.
Ба 1 адад ширкати алоқаи барқӣ оид ба дастраснамоии мустақими интернети баландсуръат иҷозатнома супорида шуд, ки ин баҳри дастрасии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет иқдоми саривақтӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ баъди дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” 7,8 миллион нафарро ташкил дода 4,8 миллион адади он муштариёни фаъол мебошанд.
Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,18 млн. нафарро дар бар гирифтааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 93729,8 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда (92761 ҳазор сомонӣ), яъне 1 фоиз зиёд буда дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2023 (77540,7 ҳазор сомонӣ) дар ҳаҷми 20,9% ё ки ба маблағи 16189,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Миқдори муштариёни имтиёздор 6420 нафар мебошанд. Хизматрасонии алоқа дар ин давра ба шахсони имтиёздор маблағи 110 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз тарафи буҷети давлат 110 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.
Аз натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» пешакӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 даромади умумии соҳа ба андозаи 4 миллиону 584 ҳазору 132 сомонӣ хизмат расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм ба 33412 сомонӣ зиёд шуд.
Ҳаҷми умумии муросилот 362,1 тоннаро ташкил намуда нисбати соли гузашта 302кг. зиёд мебошад. Ҳаҷми содиротӣ 14,22 тонна мебошад.
Мутобиқи ҳисобгириҳо дар ҷумҳурӣ 210 истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ (ВРЭ) ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз миқдори умумии истифодабарандагони ВРЭ 160 адад ба шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 34 адад ба вилояти Суғд, 11 адад ба вилояти Хатлон ва 5 адад ба ВМКБ рост меояд.
Миқдори умумии ВРЭ 28364 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 101 % ё ин, ки 200 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии ВРЭ-и мавҷуда ба шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо НТҶ 11174 адад, вилояти Суғд 8182 адад, вилояти Хатлон 7445 адад ва ВМКБ 1763 адад рост меояд.
Дар давоми соли равон 220 адад ВРЭ аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст. Як адад воситаи радиоэлектронь аз цайд бароварда шудааст.
Баҳри дар амал татбиқ кардани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, №586 соли сипаришуда 157 адад стансияҳои базавӣ насб карда шуда, 148,28 километр хатти нахи нурӣ баҳри вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу роҳандозӣ карда шудааст. Ҳамзамон замимаҳои бонкинги мобилӣ дар смартфонҳо ба кор дароварда шуданд.
Тамоми ширкатҳои бахши хусусии соҳаи алоқаи барқӣ аз тамоми имтиёзҳои мавҷуда бархурдор буда, фаъолияти техникӣ ва молию иқтисодии худро бидуни монеа амалӣ намуда истодаанд.
Дар давоми нимсолаи якум ба Хадамоти алоқа 51 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки аз он ба 39 адад ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда 12 адад муроҷиатҳо дар баррасӣ қарор доранд.
Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷмуъ нисбати 8 адад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарорҳо дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул карда шуда, 195,7 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.