Кӯмак дар интихоби интернет барои идора

Ахбороти технологияҳо Навид

Кӯмак дар интихоби интернет барои идора

Соҳибкор бояд дарҳол дар бораи чӣ фикр кунад, то идораро  бидуни харҷи зиёдатӣ  бо интернет таъмин намояд? Якҷоя бо мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мо ба чанд саволе посух медиҳем, ки  дар интихоби провайдер ва  пайдокунии дастрасӣ  ба интернети босифат кӯмак мерасонанд.     

Кадом провайдерон  дар  маҳалҳои  лозимӣ фаъолият  доранд? 

Бесабаб нест, ки мо ин саволро аввал ба миён гузоштем. Охир, чунин ҳолат имконпазир аст: провайдер нархҳои хеле паст, суръати беҳтарини интернет  дорад, вале  он … дар ҳамон ҷое, ки шумо офис мекушоед, хизмат   намерасонад. Чаро барои омӯзиши пешниҳодҳои ширкатҳое, ки шумо интернети онҳоро истифода бурда  наметавонед, вақтро беҳуда сарф мекунед?   Одатан коидаи зерин амал мекунад: ширкати телекоммуникатсионӣ  ҳар кадар калон бошад, миқёси фаъолияти   он ҳамон кадар васеътар мешавад. Бинобар ин,   аз пешсафони  бозор оғоз кунед. Дар омади гап, хизматрасонии  онҳо беҳтар низ ҳаст.

Чанд нафар корманд аз интернет истифода мебаранд?

Агар, фарз кардем, дар штати  шумо бист нафар бошанд, ин далели он нест, ки ҳамаи онҳо ба Интернет ниёз доранд. Ҳар як соҳаи тиҷорат хусусиятҳои худро дорад. Дар ширкате, ки маҳсулоти хӯрокворӣ мефурӯшад, танҳо ба директор ва ду менеҷери  харидҳо   дастрасӣ ба шабака лозим аст. Аммо дар як ширкати IT  интернети босуръат  ба ҳамаи кормандон лозим аст.

Чӣ гуна  суръати  интернет лозим аст?   

Агар шумо донед, ки чӣ қадар ҷойҳои корӣ бояд ба Интернет пайваст шаванд ва тасаввур кунед, ки кормандон то чӣ андоза фаъолона кор мекунанд, пас аз рӯи тартиб  саволи суръати дастрасӣ  ба миён меояд. Ин ҳамзамон  масъалаи нарх низ ҳаст, зеро арзиши хизматрасонии провайдер ва суръат ҳамеша бо ҳам алоқаманданд.  Ба ибораи дигар, биёед як калкуляторро  гирем. На зиёда аз панҷ ҷои корӣ бояд ба Интернет пайваст карда шавад ва  кормандон танҳо почтаи электрониро истифода мебаранд, вебсайтҳоро паймоиш мекунанд ва каталогҳо мефиристанд? Пас барои ҳар кадоми онҳо 5-10 Мбит/с  кифоя аст.   Бист нафар корманд ба Интернет ниёз доранд ва ба ғайр аз ҳамаи амалҳои болозикр онҳо  бо махзанҳои маълумот  кор мекунанд,  барномаҳои махсуси  дорои графикаи мураккабро истифода мебаранд ва видеоконфронсҳои коллективиро ба таври  онлайн мегузаронанд? Пас ба суръати камтар аз 100 Мбит/с розӣ нашавед!

Тавассути кадом технология  бояд  интернетро пайваст кард?       

Интихоби технология инчунин аз он вобаста аст, ки идораи шумо дар куҷо ҷойгир мебошад.   Ин на танхо ба шахру маҳаллаи  мушаххас дахл дорад. Агар ҳуҷра дар «диапазони намоён»-и наздиктарин истгоҳи базавӣ қарор дошта бошад, пас Интернетро  бидуни кабел пайваст кардан мумкин аст. Агар Wi-Fi дар таҳхона мувофиқ набошад, пайвасти симиро бо истифода аз  Ethernet интихоб кунед.   Оё интернет дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон лозим аст? Эҳтимол, гузаронидани  хати алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН) лозим меояд, ки чунин имкониятро  танҳо ширкатҳои бузурги телекоммуникатсионии  кишвар доранд.   Дар баъзе ҷойҳо танҳо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” метавонад кашидани ноқилҳоро аз ХАНН асосӣ  то бинои шумо ташкил намояд.

Илова бар ин, аз  интихоби технология суръати интернетро низ вобастагӣ дорад.  Чунончи, ҳадди баландтарини  Wi-Fi 100 Мбит/с аст ва бо чунин пайвастшавӣ суръатро тезтар кардан ғайриимкон аст. Аммо шумо бояд ба назар гиред, ки трафик бояд ба ҳамаи корбарон “тақсим карда шавад”. Суръати максималии технологияи Ethernet 1 Гбит/с-ро ташкил  медиҳад.      Пайвастшавӣ тавассути ХАНН бошад,  даҳ маротиба тезтар аст. Он барои ҳама мувофиқ аст, вале  на ҳар ширкат ба чунин миқдори зиёд  ниёз дорад. Ҳамин тавр,  боз «калкулятор»-ро мегирем ва ҳисоб мекунем, ки кадом технология шумораи муайяни кормандонро бо сифати зарурии интернет таъмин  менамояд.

Арзиши интернет чанд аст?       

Нарх барои муштариёни корпоративӣ ба таври махсус  ҳисоб карда мешавад ва аз омилҳои зикршуда, ба монанди   шумораи ҷойҳои  корӣ, суръати дастрасӣ, ҳаҷми трафики зарурӣ, технологияи пайвастшавӣ, вобаста аст.   Масалан, дар озмоишгоҳи тиббии ҶДММ «Гемотест ТҶ» ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамагӣ чаҳор компютерро ба интернет пайваст кардааст. Аммо, азбаски кормандони соҳаи тиб бояд ҳаҷми  зиёди маълумотро зуд коркард кунанд, суръати 20 Мбит/с ва 500 ГБ трафик дар як моҳ талаб карда шуд.

Тарофаи интихобшуда аз эҳтиёҷоти  шумо вобаста аст. Ҳамин тариқ, МегаФон Тоҷикистон барои шумораи ками компютерҳо “Онлайн New 5 Mbps 100 Gb”-ро бо арзиши  600 сомонӣ дар як моҳ пешниҳод мекунад. Аз он, масалан, дар дорухонаи «Мадад Фарм»-и Душанбе, ки дар он чор ҷои  корӣ бо дастрасӣ ба  шабака  муҷаҳҳаз гардидааст  ва ширкати дистрибютерии  «Алика» бо ҳашт компютер истифода мебаранд.   Барои ширкати калон, ки шумораи зиёди корбарон дорад, тарофаи « Online New 30 Mbps 1000 Gb» ба маблағи 4000 сомонӣ дар як моҳ мувофиқ аст. Вале, дар баробари зиёдтар шудани  талабот нисбати  барои суръат ва ҳаҷми трафик, нарх низ баландтар хоҳад шуд.

Тамоми маълумоти дахлдорро   дар як ҷадвал нишон медиҳем.  Онро омӯзед ва дар хусуси интихоби интернети ба шумо мувофиқ  тасмим бигиред.

Шумораи истифодабаран

дагон

 

Суръати лозимӣ Технологияи оптималии пайвасткунии  интернет

 

Арзиши интернет

(мин/макс, сомонӣ)

 

1-5 5-10 Мбит/с Wi-Fi, Ethernet 600 – 4 000
5-10 10-50 Мбит/с Wi-Fi, Ethernet, ХАНН 1 150 – 20 000
10 ва аз он зиёдтар      10-100 Мбит/с ва аз он зиёдтар Ethernet, ХАНН 4 000 – 40 000